Гапи Озод: Оё дар Тоҷикистон “соҳибдору бесоҳиб" дар пеши қонун баробаранд? ВИДЕО

Оё дар Тоҷикистон дар назди қонун ҳама баробар ҳастанд?  Чӣ мансабдору доро ё нодору фақир, ё ба қавли мардумӣ “соҳибдору бесоҳиб?

Баъди чанд ҳодиса бо ширкати фарзандони мансабдорон, аз ҷумла писари ректори Донишгоҳи славянӣ, писари вазири собиқи энергетика Алишер Гулов, ки барои ҷинояту қонуншиканӣ ҷазо гирифтанд, баҳс сари нобаробар будани мардуми оддӣ ва мансабдорону доро дар баробари қонун авҷ гирифт. Писари ректор, дар садамае як овозхони боистеъдодро кушт ва ба се соли зиндон маҳкум шуд, писари вазири собиқ барои занозанӣ фақат ҳафт рӯзро паси панҷара сипарӣ кард.

Ё Дониёр Набиев, як пирамарди 80-соларо барои кумаки молӣ ба аъзои зиндонии Ҳизби мамнуи наҳзати исломӣ ба 7 соли зиндон маҳкум карданду баъди чанде даргузашт. Вазорати корҳои дохилӣ он замон гуфт, "Дар назди қонун ҳама баробаранд”. Дар воқеъ чунин аст?

Мавзуъи суҳбати Гапи Озод ҳамин аст ва меҳмонони барнома сиёсатшинос Сайфулло Сафаров, муовини пешини раиси Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон ва вакили мудофеъ Ҷамшед Ёров аз Аврупо.

Баъзе аз суолҳои матраҳшуда:

Қонуни асосӣ ва ё Конститутсияи Тоҷикистон, ки гуфтааст, Ҳама дар назди қонун ва суд баробаранд. Воқеан баробаранд?

То куҷо ҳамин банди 17 Конститутсияи Тоҷикистон риоят мешавад, то куҷо дар суд ё додгоҳ, ҳамаро, чӣ мансабдору бемансаб ва ё сарватманду камбизоатро ба як чашм мебинанд ва ё яксон муносибат мекунанд?

Пас аз ҳодисаҳои охир ҷазои сабук гирифтани писари ректори Донишгоҳи славянӣ, фақат танбеҳ гирифтани фарзандони Шералӣ Гулов, вазири собиқи энергетика ва қудои раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, ки борҳо ҷинояту қонуншиканӣ кардаанд, баёнгари дигар чиз нест. Яъне додгоҳ ба онҳо раҳм мекунаду ба дигарон не?

Мо ҳамеша дар суҳбатҳо бо мардум ин гуфтаро мешунавем, ки одамони ба қавле онҳо бесоҳиб дар додгоҳҳо ҳамеша ҷазои сахт мегиранд, вале соҳибдорон ба мисли мақоми расмӣ, сарватманде баръакс. Ҳамин гуфта нишондиҳандаи фаворитизим, ё тарафгирӣ аз қудратмандон нест?

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Оё дар Тоҷикистон “соҳибдору бесоҳиб" дар пеши қонун баробаранд?