Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Занозанӣ ва ҷазои писари Гул Шералӣ баҳс барангехт. Чаро? ВИДЕО


Вокунишҳо ба ҷанҷолу ҷазои писари Гул Шералӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:10 0:00

Барномаро дар инҷо бинед

Хабари занозание, ки яке аз иштирокдоронаш Алишер Гулов, писари вазири собиқи саноат Гул Шералӣ буд, баҳси зиёдро дар шабакаҳои иҷтимоӣ барангехт.

Ҳодиса шаби 30-юми ноябри имсол дар як маркази дилхушӣ дар Душанбе иттифоқ уфтода, чор кас маҷруҳ шудааст. Манобеи Радиои Озодӣ гуфтанд, ки сабабгоронаш Алишер Гулов ва Шердил Сироҷов, писари раиси бозори собиқи “Ҷал-Ҷам”, ҳастанд.

Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе танҳо баъд аз нашри хабар гуфт, ки Гулов ва чор ҳамроҳашро ҳафт рӯз ба ҳабси маъмурӣ гирифт.

Аксари корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба тарзи ҷазо додани ширкатдорони занозанӣ таваҷҷуҳ кардаанд.

Марам Шафиев дар саҳифаи Радиои Озодӣ дар Инстаграм навиштааст, ки “барои як шаппотӣ одамонро ҷаримаи калон мебанданду ҳатто ду сол аз озодӣ маҳрум мекунанд, аммо писари вазиру амлокдор танҳо 7 рӯз ҷазо мегирад. Ин аст адолату волоияти қонун.”

Тарафдорони Гул Шералӣ, мансабдори собиқ ва қудои президенти Тоҷикистон, нашри ин хабарро танқид кардаанд.

Саидҷаъфар Усмонзода, вакили порлумон ва раҳбари Ҳизби демократи Тоҷикистон, дар саҳифааш дар Фейсбук нашри хабарро “ғаразомез” номидааст. Ӯ аз Радиои Озодӣ танқид кардааст, ки ҳодисаро ба “ҳангомаи бузурги Тоҷикистон” табдил дод.

“Шояд ҳардуи онҳо ба муҳокимаи судӣ кашида шаванд. Аммо дар мавриди Гул Шералӣ ҳаминро гуфтаниям, ки ӯ шахсияти муътабар ва хидматкарда ба давлату миллати Тоҷикистон аст. Дар ободиҳои мамлакат, пойдории осудагиву оромии мардум саҳми калон дорад. Фарзанди ӯ ҳам мисли фарзандони ҳама сокинони Тоҷикистон ё мансабдорон метавонанд иштибоҳе кунанд,” – навиштааст ӯ.

Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони шинохта, дар посух ба вакили порлумони Тоҷикистон гуфтааст, вақте як нафар мансабдори давлатӣ мешавад ва таъсиругузор аст, ҳар ҳодисаи вобаста ба ӯ таваҷҷӯҳ ҷалб мекунад, ҳатто баъди аз мансаб рафтанаш низ.

“Ҳатто агар пайвандонаш болиғ ҳам бошанд, ҳатман аз волидонашон ёдовар мешаванд. Ҳар мансабхоҳ бояд фаҳмад, ки ба ҳаёташ ҳамеша таваҷҷӯҳ мешавад. Ин анъана дар тамоми ҷаҳон новобаста аз режимҳои сиёсиашон амал мекунад,” – изофа кардааст Бобоназарова.

Наврӯз, як корбар дар Инстаграм, навиштааст, чунин ҳодисаҳо барои ислоҳ бояд ҳатман расонаӣ шаванд. Вай ба ин назар аст, ки писари Гул Шералӣ бо такя ба падари пурнуфузаш эҳсоси нотарсӣ аз қонун дорад ва “чанд бор аст, ки ба ҷиноят даст мезанаду ҷазои сабук мегирад”.

Идомаи шарҳаш чунин аст: “Чаро бачаи Гул Шералӣ? Чун ҷиноят дар такя ба пуштибонӣ аз ин одами таъсиргузор содир шудааст ва як бору ду бор ҳам нест. Писар номи падарашро истифода мекунад ва эҳсоси ҷавобгарӣ надорад. Агар матбуот инро нанависад, онҳо боз аз худ мераванд ва ҷиноятҳои калонтар мекунанд. Рисолати матбуот ҳамин аст.”

Номи ду писари Гул Шералӣ борҳо барои даст доштан дар ҷанҷолу латукӯб расонаӣ шудааст. Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ мегӯянд, онҳоро ҷиддӣ ҷазо намедиҳанд ва аз ин рӯ аз қонун наметарсанд.

Илова ба ин, баъзе аз корбарон пурсидаанд, ки ҳафт рӯз ҳабс барои гунаҳкорони ин ҳодиса то куҷо дуруст аст? Ҳуқуқдон Ҷамшед Ёров гуфт, “ба назари ман, набояд бо Кодекси маъмурӣ банду баст мешуд. Ин яктарафа бурдани тафтишот аст. Аз хабарҳо фаҳмидем, ки яке аз тарафҳо маҷрӯҳ шудааст. Вақте одам бистарӣ шуд, зарар зарари сабук нест. Дар ин ҳолат “авбошӣ" сурат гирифтааст. Қисми дуюмаш, ки ҷазояш ҷарима ва маҳрум кардан аз озодӣ ба мӯҳлати ду сол аст.”

Номи фарзандони Шералӣ Гул, вазири собиқи саноат ва энергетика ва яке аз қудоҳои Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бори аввал нест, ки ба сабаби рафтори фарзандонаш сари забони матбуот шудааст. Диловар Гулов, писари дигари ӯ дар панҷ соли ахир дастикам се бор бо иттиҳоми “авбошӣ” боздошт шуд, вале бо ҷарима ё ҷазои сабук раҳо гаштааст. Ӯро як бор барои латукӯби корманди милиса ба 1 сол зиндон маҳкум карданд.

Барнома дар Ютюб:

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG