Чаро тоҷикистониҳо муҳоҷиратро ихтиёр мекунанд?

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Созмони WorldPopulationReview дар пажӯҳише гуфт, дар Осиёи Миёна аз ҳама бештар шаҳрвандони Тоҷикистону Узбекистон муҳоҷиратро ихтиёр мекунанд. Тибқи ин гузориш, ҳар шабонарӯз 55 кас Тоҷикистонро тарк мекунанд. Пажӯҳиш сабабҳои муҳоҷират нагуфтааст. "Озодӣ" аз мардум дидгоҳашонро дар ин бора пурсид.