Як пажуҳиши Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ нишон додааст, ки нисфе аз сокинони аз 18 то 64-солаи Узбекистон вазни барзиёд дошта, 20 дарсади онҳо аз фарбеҳӣ ранҷ мебурдаанд.
Бино ба натиҷаҳои пажуҳише, ки Кумитаи беҳдоштиву эпидемиологии Узбекистон бо Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ анҷом додааст, аксари сокинони Узбекистон (67%) ҳамарӯза миқдори зарурии сабзавот ва меваро истеъмол намекардаанд. 46 дарсади дигари сокинон аз меъёр зиёд холестерин доштаанд.
Дар ин пажуҳиш омадааст, ки риоя накардани тартиботи фаъолияти ҷисмонӣ ва истеъмоли ғизо, истеъмоли маҳсулоти дорои намак, шакар ва чарбуи зиёд, инчунин истеъмоли нокофии витамину минералҳо боис ба оқибатҳои нохуш: аз ҷумла коҳиши рушди қад ва рушди зеҳнии ҷавонон; афзоиши бемориҳои гуногун хоҳад гардид.