Раиси Фонди саудии рушд Султон Абдураҳмон Ал-Маршад дар мулоқот бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷонибдории худро аз бунёди ҳар чи зудтари нерӯгоҳи "Роғун" баён кардааст.
Абдураҳмон Ал-Маршад, ки дар доираи як сафар дар Душанбе қарор дорад, 4-уми декабр гуфт, Фонди саудии рушд сармоягузориро ба "Роғун" идома хоҳад дод.
Арабистони Саудӣ моҳи ноябри имсол гуфт, ки омода аст барои бунёди нерӯгоҳи "Роғун" ба Тоҷикистон 100 миллион доллар қарзи боимтиёз диҳад.
Дар бораи шарту шароити қарздиҳӣ чизе гуфта нашудааст. Мақомоти Тоҷикистон ҳам дар ин бора чизе нагуфтаанд.
Дар сурати такмил, "Роғун" бо иқтидори 3600 мегават бузургтарин нерӯгоҳи барқи обӣ дар Осиёи Марказӣ хоҳад буд ва тавлидоти нерӯи барқро дар Тоҷикистон ду баробар зиёд хоҳад кард. Сохтмони ин неругоҳ аз давраи Шӯравӣ оғоз ёфта, баъдан қатъ шуд. То кунун ду чархаи ин неругоҳ ба кор даромадааст.