Ҳодиса дар Кӯлоб: "Аз ошёнаи 18 афтоду ҷон дод"
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Як бинокори 21-сола аз ошёнаи ҳаждаҳуми сохтмоне дар шаҳри Кӯлоб ба замин афтода ҷон бохтааст. Маркази тиҷоратии Кӯлобро ширкати “Комил-2010” месозад. Бар асоси санадҳо, ширкат ба номи Сиёвуш Зуҳуров, яке аз писарони Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқа ва қудои президенти Тоҷикистон, сабт шудааст.