Моҳи гузашта, Кумиссиёни Аврупо, шохаи иҷроияи Иттиҳоди Аврупо баъди гузориш дар бораи пешрафти Украина барои узвият тавсия дод, ки музокироти қабули Киев оғоз шавад. Ба Украина ва Молдова тобистони соли гузашта мақоми номзад ба узвият дар Иттиҳоди Аврупоро доданд.
Виктор Орбан, ки як сиёсатмадори шуҳратталаби ростгаро аст, бо Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия робитаи наздик дорад. Иттиҳоди Аврупо ба сабаби нигарониҳо аз фасод ва риояти номуносиби ҳуқуқи инсон дар Маҷористон ихтисоси 22 миллиард евро барои ин кишварро мутаваққиф карда, гуфтааст, то замоне, ки ҳукумат дар низоми додгоҳӣ ва риояти ҳуқуқи инсон ислоҳотро амалӣ накунад, ин пулро намегирад.
Виктор Орбан дар мусоҳибаи ҳафтагиаш бо радиои давлатии Маҷористон дар рӯзи 1-уми декабр гуфт: “Ман бартарӣ медиҳам, ки Иттиҳоди Аврупо нахуст бо Украина созишномаи шарикии стротегӣ бубандад”, чун ба қавли ӯ, барои мутобиқ шудани Украина ба меъёрҳои Иттиҳоди Аврупо мумкин аст, 10 сол лозим шавад.