Вокуниши мардум ба зиёд шудани ҷаримаҳо дар Тоҷикистон
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Бо зиёд шудани ҳаҷми нишондиҳанда барои ҳисобҳо, аз 1-уми январи соли оянда ҷаримаҳо дар Тоҷикистон зиёд хоҳад шуд. Мавзӯи ҷаримаҳо дар Тоҷикистон қаблан норозигии баъзе фаъолонро ба миён овардааст. Мақомот мегӯянд, зиёд будани ҷаримаҳо барои пешгирӣ аз қонуншиканӣ аст. Аммо сокинон мегӯянд, ҷарима бояд бо назардошти вазъи зиндагии мардум таин карда шавад. Хабарнигорони Радиои Озодӣ назари мардумро дар ҳамин бора пурсиданд.