Русия як зодаи Тоҷикистонро ба ҷустуҷӯйи байнулмилалӣ дод

Акс аз торнамои Интерпол

Мақомоти Русия як зодаи Тоҷикистонро ба ҷустуҷӯйи байнулмилалӣ додаанд.

Интерпол ё пулиси байнулмилалӣ дар сомонаи расмиаш навишт, ки Маликмаҳмад Қувватов 37-сола аст ва ба узвият дар созмонҳои мусаллаҳу террористӣ гумонзад аст.

Иттилоъ дар бораи ӯ дар аввали моҳи ноябри имсол нашр шуда. Дар акси гузоштаи Интерпол ин зодаи Тоҷикистон силоҳ ба даст тасвир ёфтааст.

Маликмаҳмад Қувватовро моҳи апрели имсол дар рӯйхати навшудаи гумонбарон ба терроризм дар Русия ҷой дода буданд.

Маълум нест, мақомоти Тоҷикистон ҳам дархости боздошти ӯро додаанд ё не.

Номи Маликмаҳмад Қувватов дар рӯйхати Бонки Миллии Тоҷикистон ва дар қатори шахсони алоқаманд ба терроризм зери рақами 819 зикр шудааст.

Интерпол ё пулиси байнулмилалӣ чандин шаҳрванди Тоҷикистонро бо дархости Маскаву Душанбе дар саросари ҷаҳон меҷӯяд. Аксари онҳо ба терроризму қочоқи маводи мухаддир ва куштор гумонзад ҳастанд.

Баъзе аз созмонҳои байнулмилалӣ дар гузашта Интерполро танқид карда буданд, ки бо дархости кишварҳое ба мисли Тоҷикистон, намояндагони мухолифон ва мунтақидонро ҷустуҷӯ ва боздошт мекунад.