Бар асоси банди нав ба Кодекси ҷиноӣ, ки Радиои Озодӣ онро дид, барои ҳаракати бадахлоқона "нисбати ду ё зиёда шахсони баръало ба синни 14 нарасида" гунаҳкор аз панҷ то ҳашт сол ба зиндон меравад.
То ин вақт барои ҳаракати бадахлоқона нисбат ба шахсони баръало ба синни 14 нарасида, аз ду то панҷ сол зиндон пешбинӣ шуда буд.
Бар иловаи зиндон, додгоҳ метавонад чунин афродро барои ҳамеша аз ҳуқуқи гирифтани мансабҳои муайян ё фаъолиятҳои муайян маҳрум кунад.
Солҳои охир хабарҳо аз озори ҷинсии ноболиғон бештар расонаӣ мешаванд. Аз ҷумла, қазияи таҷовуз ба номуси духтари 12-сола аз сӯи марди 32 сола дар Ҳисор, ки ду сол пеш баҳсҳои зиёдро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба миён овард.
Мавзуъ замоне доғ шуда буд, ки Додгоҳи Ҳисор гумонбарро аввал ба панҷ сол зиндон маҳкум карда, сипас бар асоси қонуни афв аз толори додгоҳ ҷавоб дод. Пас аз танқидҳои зиёд, Додгоҳи олии Тоҷикистон ин ҳукмро бекор ва мардро дубора ба зиндон маҳкум кард.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Боздошти як мард ба гумони кӯшиши дастдарозӣ ба ноболиғБо "хоҳиши худ" ё "зери латукӯб"? Баҳси таҷовуз ба номуси як духтари ноболиғ. ВИДЕОМардеро, ки қаблан афв карданд, бо гуноҳи таҷовуз ба номус зиндонӣ шуд. ВИДЕОМарди муттаҳам ба қатли Руфайдаи 8-сола "ба ҳабси абад маҳкум шуд"Муфаттиш таҷовузи наврас дар Вахшро тасдиқ накард. Модар бовар надорад. ВИДЕО