Ӯ, ки пештар танҳо дар барномаҳои маҳдуд ва шабакаҳои иҷтимоӣ суруд мехонду маъруф буд, ҳоло азизи аксари тоҷикистониҳо шудааст.
"Бевосита ба пешвози Фаррух омадем ва боварӣ дорам, ки дар оянда ҳамчун чеҳраи намоёни Тоҷикистон соҳаи фарҳанги кишвар, бахусус шаҳри Душанберо муаррифӣ мекунад," – гуфт намояндаи ҳукумати пойтахт Дилбар Одилзода.
Фаррух Ҳасанов дар суҳбати кӯтоҳе гуфт, ки чунин истиқболи ҳаводоронро мунтазир набуд. Барои онки мардумро маътал гузошт, узр пурсид ва ҳамзамон ишора кард, ки ҳанӯз дар бораи чӣ гуна харҷ кардани панҷ миллион рубли ҷоиза ба хулосае нарасидааст.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Даври ниҳоии озмуни "Ну-ка, все вместе!" дар Русия 24-уми ноябр гузашт. Ба Фаррух Ҳасанов санади пирӯзӣ ва панҷ миллион рубл, муодили бештар аз панҷоҳ ҳазор доллар, супурданд.
Худаш гуфта буд, ки "ба инҷо дунболи орзуҳоям омадам. Ифтихор мекунам, ки тоҷик ҳастам. Ман тавонистам нишон диҳам, ки мо танҳо бинокор нестем, ҳунарманд низ ҳастем. Пирӯзиямро ба кишварам мебахшам."
Зафар Абдуалимов, узви доварони тарҳи мусиқии "Ну-ка, все вместе!", бартарии Фаррухро дар муқоиса бо овозхонҳои дигари озмун чунин баршумурд: "Ба доварон хуш омад, ки вай метавонад тавассути сурудҳояш ба шунаванда нерӯ бахшад. Ин вижагиро на ҳар кас дорад, ин истеъдод аст, худодод аст.”
Бори аввал нест, ки овозхонҳои ҷавони тоҷик дар озмунҳои байнулмилалӣ, аз ҷумла дар Русия, иштирок карда, баъзе аз онҳо пирӯз мешаванд. Ба гуфтаи ҳунаршиносон, бо гузашти замон фаъолияти баъзе аз онҳо камранг шудааст.
Ҳамзамон ин танқид ҳам садо медиҳад, ки мақомоту мардум баъзе аз варзишгарону ҳунармандонро баъди пирӯзияшон дар озмуну мусобиқаҳо бошукӯҳ истиқбол гирифта, аммо зуд ба гӯшаи фаромӯшӣ месупоранд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: "Ифтихор мекунам, ки тоҷик ҳастам." Пирӯзии Фаррух Ҳасанов дар Русия. ВИДЕО