Сӯзишворӣ, маош...
Чанд рӯзи охир дар кӯчаву хиёбони шаҳри Хуҷанд аз нав автобусҳоро дидан мумкин шуд. Мусофирон тақрибан як моҳ аз хидмати онҳо маҳрум буданд. Гуфта мешуд, ки қатъи ҳаракати автобусҳо ба гаронии сӯзишворӣ ва нарасидани маоши ронандагон бастагӣ дорад. Мудири идораи “Нақлиёти мусофиркашон” -и Хуҷанд мегӯяд, “масъалаҳо то ҷое ҳал шуданд”.
Ба қавли Хуршедхон Ишонов, “дар моҳҳои сентябр-октябр ба мо пул ҷудо нашуда буд. Ба мо аз тарафи ҳукумат ҳар моҳ субсидия ҷудо мешавад ва ҳоло барои моҳҳои сентябр-октябр маблағ ҷудо шуд. Мо 20 автобусро омода кардем ва ба кор сар карданд. Дар масъалаи музди меҳнат ҳам қарздор будем. Ба кормандон маоши моҳҳои сентябр-октябрро пардохт кардем.”
Ҷумъабой Ҷӯраев аз оғози таъсиси корхона, яъне панҷ сол боз ҳамчун ронандаи мусофирбар кор мекунад. Вай мегӯяд, борҳо дар гирифтани маошаш бо мушкил дучор шудааст, аммо ҳоло хушҳол аст, ки дигарбора ба кор баромад.
“Мусофирон баромадани автобусҳоро интизор буданд. Ин автобусҳо асосан ба донишҷӯён, нафақахӯрон, тоҷирони бозор ва маъюбон хидмат мерасонад ва онҳо бисёр хушҳол ҳастанд. Дар оянда боз ҳам қарсак аз ду тараф шавад нағз мешавад,” – гуфт Ҷумъабой Ҷӯраев.
Гранти Бонки Аврупоӣ
Ба қавли масъулони корхона дар ояндаи наздик, автобусҳои бештар ба ҳаракат хоҳанд омад ва хатсайрҳо бо таърифаи пештара мемонанд. Ҳам ронандагон ва ҳам масъулони корхона мегӯянд, даромаде, ки аз мусофирбарӣ ба даст меояд, харҷи ҳаракати автобусҳоро намепӯшонад. Дар ин ҳол боло рафтани нархи сӯзишворӣ сабаби аз кор мондани автобусҳо мешавад.
Хуршедхон Ишонов гуфт, “Бонки аврупоӣ барои омода кардани 60 автобус ба мо 3 миллиону 200 ҳазор сомонӣ ҷудо карданаш лозим аст. Ин маблағ дар доираи лоиҳа аст ва он барои аз нав кардани қисмҳои эҳтиётии автобусҳо истифода мегардад. Боз бояд 60-65 автобус бояд омода шуда ба хатсайрҳо бароянд.”
Корхонаи "Нақлиёти мусофиркашон" дар Хуҷанд соли 2018 аз ҳисоби 26 миллион доллар гранти Бонки Аврупоии Бозсозӣ ва Рушд сад автобусро ворид кард ва ҳаракати ин навъи нақлиёти иҷтимоиро дар Хуҷанд ва ноҳияҳои атрофи он ба роҳ монд.
Видеоро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад