"Толибон - ҳамон Толибоне ҳастанд, ки соли 1990 буданд". ВИДЕО

Ширкатдорони ҳамоиш

Баъди бештар аз ду соли ҳокимият дар Афғонистон, "Толибон ҳамоне боқӣ мондаанд, ки дар солҳои 1990 буданд". Ин нукта дар ҳамоиши "Гуфтугӯҳои амниятии Ҳирот" дар Душанбе садо дод.

Дар 11-умин нишасти “Гуфтугӯҳои амниятии Ҳирот”, ки феълан дар Душанбе ҷараён дорад, ҳудуди 150 коршинос, аз дохил ва хориҷ, ҳамчунин коршиносони байналмилалӣ ҳузур доранд. Дар рӯзи аввали нишаст бештар дар бораи он сӯҳбат шуд, ки Афғонистон ҳоло дар чӣ ҳол қарор дорад. Ин нишаст, қарор аст фардо ҳам идома кунад ва дар поёни он натиҷагирӣ хоҳад шуд.

Доктор Эстар Зубирӣ, раҳбари гурӯҳи таҳлилии Созмони Миллали Муттаҳид оид ба Ал-Қоида ва Толибон гуфт, Толибон ба ваъдаи худ дар мавриди мубориза бо гурӯҳҳои террористӣ содиқ намондаанд.

“Аъзои гурӯҳи мушоҳида аз кишварҳои аъзои СММ ҳастанд ва эътироф мекунанд, ки соли 2023 Толибон ҳамон Толибоне ҳастанд, ки соли 1990 буданд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ талош мекунад, ки дар ҳалли мушкили Афғонистон якҷоя амал намояд. Ваъдаҳои Толибон, ки соли 2021 дода буданд, ки бо гурӯҳҳои террористӣ мубориза мекунанд ва ҷомеаи асри 21-ро барпо месозанд дар соли 2023 мебинем, ки ҳамаи онҳо дуруғ буданд. Имрӯз ҳисоботҳо оид ба вазъият нишон медиҳад, ки албатта Толибон бо Ал-Қоида наздик мемонад ва бо дигар гурӯҳе, ки моро нигарон кардааст”-афзуд, хонум Эстар Зубирӣ.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Ширкатдорони маҳфили "Муколамаи Ҳирот" мегӯянд, Толибон тағйир наёфтаанд

Ба назари бархе таҳлилгарон, пас аз оғози ҷанг дар Украина ва акнун низоъ дар Ғазза, таваҷҷӯҳ ба Афғонистон ба маротиб коҳиш ёфтааст. Ба гуфтаи онҳо, дар ин муддат мардуми Афғонистон бо мушкилоти худ, ки аз сӯи гурӯҳи Толибон эҷод шудааст, танҳо мондааст.

Назифи Шаҳронӣ, профессори Донишгоҳи Индианаи Амрико дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, то ҳол як барномаи миллие, ки роҳи ҳалли қазияи Афғонистонро фаро гирад, вуҷуд надорад.

“Афғонистон... дар як сиёҳчол аст. На танҳо сиёҳчоли амниятӣ, балки иқтисодӣ, сиёсӣ. Тафовуте ҳам наёмада. Толибонро, албатта, таҳаммулашон бештар шудааст ба ҷаҳон, аммо таҳаммулашон бо мардумашон ҳанӯз ҳам сифр аст. Ҳеҷ алоқамандие бо мардуми худ надоранд. Онҳо фикр мекунанд, ки намояндагони Худо ҳастанд (наузанбулилоҳ) ва ҳарчи ки хостанд, бояд дигарон қабул бикунанд. Аммо ҷаҳон ҳам то ҳанӯз фикр накунам, ки фикри ҳалли мушкили Афғонистонро дар назар дошта бошад”- гуфт Назифи Шаҳронӣ.

Муҳаммад Исмоилхон, яке аз чеҳраҳои шинохтаи Афғонистон, ки соли гузашта ба ин ҳамоиш даъват шуда, аммо ҳузур пайдо накарда буд, имсол ба Душанбе омад. Ӯ мегӯяд, Толибон на танҳо дигар нашудаанд, балки сахтгиртар шудаанд: “Мо талош дорем, ки, иншаоллоҳ, роҳҳое ҷустуҷӯ кунем, ки ҳам аз тариқи гуфтугӯ, дар сурати адами гуфтугӯ бо шеваҳое, ки дар гузашта Афғонистон наҷот пайдо кард, аз он тариқ битавонем Афғонистонро аз ин шароити бади феълӣ наҷот диҳем”.

Раҳматулло Набил, раиси пешини Идораи амнияти миллии Афғонистон дар ин нишаст гуфт, имрӯз Толибон имконоти бештареро аз лиҳози низомӣ ва молӣ дар ихтиёр доранд, ки ҷои нигаронист.

“Ман фикр мекунам Толибон бо мақсадҳои стратегии худ расиданд. Аз ҷониби дигар мо имрӯз дар бораи ТТП шунидем, яъне «Таҳрики Толибони Покистон». Шунидем, ки онҳо низ амал карда истодаанд ва аллакай чунин тасдиқоте вуҷуд дорад, ки ин гурӯҳҳои террористӣ ба Афғонистон расиданд ва онҳо дар даст яроқи аз ҳама пешрафтаи ҷаҳонро доранд, ки баъзе қувваҳо, баъзе кишварҳо онро ба онҳо мерос гузошта рафтаанд.

Имрӯз онҳо ба Хадамоти ҷустуҷӯии бениҳоят пешрафта даст доранд. Ин абзорро барои нақзи ҳуқуқи занон, духтарҳо истифода бурда истодаанд. Шумораи мадрасаҳо мувофиқи маълумот зиёд гардид. Чанде пеш як ҳайате аз Покистон буд, ки мо ба онҳо сӯҳбат кардем ва онҳо имрӯз чигуна ин 50 ҳазор мадрасаро барои шустани майнаи мардум истифода бурда истодаанд”, - шарҳ дод Раҳматулло Набил.

Ин нишаст аз сӯи Маркази мутолиоти Афғонистон ва минтақа ва Институти мутолиоти стратегии Афғонистон баргузор шудааст. Барои ширкат дар он Толибон ҳам даъват шуданд, вале наомаданд. Соли дуюм аст, ки нишасти “Гуфтугӯҳои амниятии Ҳирот” дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад. “Гуфтугӯҳои амниятии Ҳирот” соли 2012 таъсис ёфта, ҳадафаш баррасии мушкилоти Афғонистон аст.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Ширкатдорони маҳфили "Муколамаи Ҳирот" мегӯянд, Толибон тағйир наёфтаанд“Cафари ҷашнӣ”. Путин ва Раҳмон аз чӣ гуфтанд?Ҳузури як намояндаи Толибон дар масҷиди Олмон ҷанҷолбарангез шудМуҳоҷирони бесанад аз Покистон фирор карда дар марзи Афғонистон дармонданд. ВИДЕОМақомдори амрикоӣ: “Ансоруллоҳ” барои Тоҷикистон ва шаҳрвандони ИМА хатари воқеӣ астТаҳдид аз марзи ҷануб ба Тоҷикистон. Ҳақиқат ё бозиҳои сиёсӣ?