СММ гуфт, дар Тоҷикистон 78 % занон бо хушунат рӯбарӯ ҳастанд

Акс аз бойгонӣ

Як пажӯҳиши барномаи рушди СММ (UNDP) муайян кардааст, ки занҳо дар Тоҷикистон бо намудҳои гуногуни хушунат дучор мешаванд.
Дар хулосаи ин гузориш, ки рӯзи 27 ноябр дар саҳифаи Х (собиқ Твиттер)-и ин созмон нашр шуд, аз ҷумла, омадааст, бар пояи таҳқиқоте, ки соли 2019 дар Тоҷикистон барпо шуд, муайян гардид, ки "31% бо хушунати иқтисодӣ, 21% - бо хушунати равонӣ, 20% - бо хушунати ҷисмонӣ ва 6% занони дигар бо хушунати ҷинсӣ рӯбарӯ мешаванд. Вале омори воқеӣ, эҳтимол, метавонад аз ин бештар бошад".
Ин гузориш дар рӯзҳои баргузории маъракаи сартосарии #16РӯзиАмал нашр шуд, ки ба хотири боло бурдани иттило ва огаҳии ҷомеа аз эҳтиром ба ҳуқуқи занону духтарон баъди 25-уми ноябр шурӯъ шудааст. Имсол СММ ин маъракаро таҳти шиори "Хушунат тавҷеҳ надорад" баргузор мекунад.