"Ҳамос" хостори тамдиди оташбас шуд. Исроил қабул кард, аммо бо як шарт

Дар пайи дархости раиси ҷумҳури Амрико аз нахуствазири Исроил дар бораи тамдиди оташбас бо гурӯҳи "Ҳамос", Бенямин Нетаняҳу гуфтааст, "омодаи анҷоми ин кор аст". Кобинаи Исроил ҳам шаби гузашта дар ин робита ҷаласа доир кардааст. Гурӯҳи фаластинии "Ҳамос" низ хостори тамдиди ин оташбаси муваққат шудааст.

Бенямин Нетаняҳу дар гуфтугӯи телефонии рӯзи якшанбе бо Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико гуфтааст, "тавофуқномае вуҷуд дорад, ки иҷоза медиҳад дар баробари ҳар рӯзи оташбас, 10 гаравгони дигар озод шаванд ва ман аз он истиқбол мекунам".

Бо ин ҳол, Нетаняҳу афзудааст, пас аз озодии гаравгонҳо, амалиёти заминии артиши Исроил алайҳи "Ҳамос" дар Ғазза дигарбора оғоз хоҳад шуд.

Ӯ гуфтааст, ҳадафи Исроил нобуд кардани "Ҳамос", боварӣ ҳосил кардан аз бознагаштани Ғазза ба ҳолати қаблӣ ва албатта озодии ҳамаи гаравгонҳо аст. "Ман мутмаин ҳастам, ки мо дар ин маъмурият муваффақ хоҳем шуд, зеро чораи дигаре надорем",-афзудааст Нетаняҳу.

Сухангӯи артиши Исроил низ дар як нишасти хабарӣ гуфтааст, "агар имкони озодии гаравгонҳои бештаре фароҳам шавад, ин корро анҷом хоҳем дод. Ҳадафи мо бозгардонидани ҳамаи гаравгонҳо аст".

Гурӯҳи "Ҳамос" ҳам шоми якшанбе ба шакли расмӣ эълон кард, хостори тамдиди оташбаси муваққатии чаҳоррӯза бо Исроил аст. Ин оташбас фардо, 28-уми ноябр ба поён мерасад.

Ин гурӯҳ дар баёнияе далели ин дархости худро озодии шумори бештаре аз зиндониёни фаластинӣ аз маҳбасҳои Исроил гуфтааст.

Чанд соат пеш аз ин хабаргузории "Франс-пресс" аз як манбаи наздик ба ин гурӯҳ навишта буд, ки "Ҳамос" хостори тамдиди ду то чаҳоррӯзаи оташбас аст ва ин хостаро ба кишварҳои миёнарави созиши феълӣ эълон кардааст.

Дар ҳамин ҳол, як мақоми исроилӣ ба шабакаи телевизионии CNN гуфтааст, ки кобинаи ин кишвар шаби якшанбе дар бораи имкони тамдиди оташбаси муваққат бо "Ҳамос", нишаст баргузор кард.

Ба иттилои ин манбаи огоҳ, шартҳои дароз кардани муҳлати оташбас тағйир накардааст ва ин ба он маъно аст, ки "Ҳамос" бояд дар баробари ҳар як рӯзи оташбас 10 гаравгони дигарро озод кунад.

Оташбаси чаҳоррӯза миёни "Ҳамос" ва Исроил аз рӯзи ҷумъа оғоз шуд.

"Ҳамос" то кунун 53 гаравгон аз маҷмуи 240 гаравгонро, ки ба Ғазза бурда буд, озод кардааст Дар муқобил Исроил 117 асири фаластиниро озод карда, ба мошинҳои борбари бештар иҷозаи вуруд ба Ғаззаро додааст.