Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Қазоқистон мегӯянд, роҳбари ширкати сайёҳии "Zam Zam Qazaqstan" ҳангоми "ташкили ҳаҷҷи ғайриқонунӣ" даст ба қаллобӣ задааст.
"Ҳангоми тафтишот муайян шуд, ки роҳбарияти ширкати "Zam Zam Qazaqstan" даст ба қаллобӣ задааст. Муайян шуд, ки сомонаи шабеҳ ба сомонаи расмии мақомоти давлатии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ таъсис дода шудааст, ки гӯё қонунӣ будани визаҳои зоирони Хонаи Худоро тасдиқ мекунад", - хабар медиҳад Вазорати корҳои дохилии Қазоқистон.
Гумонбарро рӯзи 23 ноябр боздошт ва ба ҳасб гирифтаанд. Мақомоти номи ӯро зикр намекунад.
Ширкати "Zam Zam Qazaqstan" дар саҳифаҳояш дар шабакаҳои иҷтимоӣ навишт, ки ба далели боздошти мудир Данияр Илиев фаъолияташро қатъ кардааст.
Тобистони имсол 120 шаҳрванди Қазоқистон, ки барои адои ҳаҷ ба Макка рафта буданд, қариб буд, аз Арабистони Саудӣ ихроҷ шаванд. Мақомоти Қазоқистон он замон гуфта буданд, ширкате, ки шаҳрвандонро ба ҳаҷ фиристодааст, расман иҷоза нагирифта ва шомили ширкатҳое нашудааст, ки ҳаққи ташкили ҳаҷро доранд. Он замон Данияр Илиев гуфта буд, ки ба таври ғайрирасмӣ иҷоза дарёфт кардааст.