Раҳоии гаравгонҳо шоми 25- уми ноябр, дар рӯзи дуввуми оташбас сурат гирифт.
Чанд соат пеш аз ин гурӯҳи ҲАМОС, ки аз тарафи Амрико ва Иттиҳоди Аврупо террористӣ шинохта шудааст, бо иддаои ворид нашудани ёрии кофии башарӣ ба Навори Ғазза раҳоии гаравгонҳоро ба таъхир андохта буд.
Дертар тариқи телевизион намоиш доданд, ки мошинҳои Салиби Сурх марзи Рафаҳ ба Мисрро убур мекунанд.
“Ҳамос” аввал аз раҳоии ҳафт шаҳрванди хориҷӣ хабар дода буд, аммо мақомоти Қатар ин рақамро ислоҳ карда, гуфтанд, чаҳор гаравгони хориҷӣ озод шудаанд. Исроил ҳам раҳоии гаравгонҳоро тасдиқ кард.
Дар рӯзи аввали оташбас, 24-уми ноябр, гурӯҳи тундрави “Ҳамос” аз миёни 240 гаравгони гирифтааш 24 нафар ва Исроил 39 фаластинии боздоштшударо раҳо карданд.
Гурӯҳи тундрави “Ҳамос” ваъда додааст, ки дар тӯли чаҳор рӯзи оташбас дастикам 50 гаравгонро раҳо хоҳад кард. Аз сӯйи дигар, Исроил гуфтааст, ки 150 зиндонии фаластиниро озод мекунад.
Баъд аз ҳамла ба Исроил дар рӯзи 7-уми октябри имсол гурӯҳи тундрави “Ҳамос” ҳудуди 1200 нафарро кушт ва зиёда аз 240 нафарро гаравгон гирифт.
Пас аз ин ҳодиса Исроил ҳамлаҳои худро ба Ғазза оғоз кард ва гуфт, ки ҳадафаш аз байн бурдани “Ҳамос” аст.
Вазорати тандурустии Ғазза, ки таҳти назорати гурӯҳи тундрави “Ҳамос” аст, гуфта, ки дар пайи ҳамлаҳои Исроил то кунун беш аз 13 ҳазору 300 нафар дар Ғазза кушта шуданд.