Зиндагии кӯдакони Ғазза зери мушакборон. ВИДЕО

Як кӯдак дар Ғазза дар бинои харобшуда

Садои ханда дар Ғазза ин рӯзҳо хеле кам шунида мешавад. Аммо дар як майдончаи бозии кӯдакона, дар шаҳри Хон-Юнус хурдсолон лаҳзае аз даҳшати ҷанг дур мешаванд. Ҳарчанд ин ҷо ҳам пурра бехатар нест.

Рагад Абу Ассии 11- сола мегӯяд, падари ӯро нерӯҳои исроилӣ аз ҳамин майдони бозӣ бурданд. “Ман аз ҷанг бисёр метарсам. Зеро нисфе аз дӯстони ман шаҳид шуданд,”—мегӯяд ӯ.

Бино ба иттилои Вазорати тандурустии Ғазза, дар пайи мушакборони Исроил, беш аз 5000 кӯдак кӯшта шудаанд. Дар маҷмӯъ дар ин ҷанг беш аз 13 ҳазор фаластинӣ фавтидаанд. Дар ҳамлаи ҲАМОС моҳи октябр, 1200 исроилӣ кушта шуда буд.

Видеоро инҷо бинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Хандаҳои нодир дар миёни ваҳшатҳои ҷанг дар Ғазза

Артиши Исроил мегӯяд, гурӯҳи ҲАМОС биноҳои истиқоматӣ ва иншооти ғайринизомиро ба маркази фармондиҳӣ, нигаҳдории аслиҳа ва макони партоби мушак табдил додааст. ҲАМОС ин иддаои Исроилро рад кардааст.

Садҳо фаластиние, ки аз минтақаҳои шимоли Ғазза ба ҷануб кучонида шудаанд, дар мактабҳои СММ панаҳ бурдаанд ва шароити зарурӣ надоранд. Эҳтимол маҷбур шаванд, ки аз ин ҷо ҳам кӯч банданд.

Исроил ҳоло ба Хон-Юнус ҳам ҳамла кардааст ва онҷо низ ҷои амн нест.

Ун Рамазон Айяд, модари фаластинӣ мегӯяд, дар пайи зарбаҳои беисти ҳавоӣ, фарзандони ӯ осеби ҷиддӣ дидаанд.

“Агар бубинанд, ки кабутаре парвоз дорад, фикр мекунанд ин мушак аст. Вақте кӯдакон аз хоб мехезанд аз ман мепурсанд, ки кай ин ҳамлаҳои ҳавоӣ тамом мешаванд. Агар ҳатто дари хона пушида шавад, фикр мекунанд, мушак аст. Кӯдакон рӯзҳоеро аз сар гузарониданд, ки онҳоро аз синни воқеии худ калонтар кард. Онҳо дигар кӯдак нестанд,”—нақл кард ӯ.

Ин модар мехоҳад, атфоли фаластинӣ ҳам мисли кӯдакони дигар дар дунё зиндагии ором дошта бошанд. Вале мегӯяд, умед надорад, ки дубора шодиву хушбахтӣ ба фазои Ғазза баргардад.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Раҳбари "Ҳамос": Ба оташбаси муваққат бо Исроил наздикемҲамлаи Исроил ба беморхонаҳои Ғаззаро танқид кардандСММ хостори оташбаси фаврӣ дар Ғазза шудWP: Барои оташбас дар Ғазза созиши пешакӣ ҳосил шудаастТақрибан 30 навзоди норасидро аз бемористони Ғазза ба Миср мебарандБайден: Путин ва ҲАМОС дар ҷанг аз як усул истифода мекунандБеморхонаи "Шифо"-ро ҳазорҳо нафар тарк мекунад Иртибот бо беморхонаи Ғазза қатъ шуд. Амалиёти Исроил идома дорад