Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ хостори оташбаси фаврӣ дар Ғазза шуд


Комиссари олии ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, аз "таҳаввулоти тарсноки 48 соати ахир дар Ғазза ваҳшатзада шудааст".

Ишораи Волкер Турк ба ҳамлаи рӯзи шанбеи Исроил ба урдугоҳи Ҷиболиё буд, ки зоҳиран ба як мактаби таҳти ҳимояти Созмони Милали Муттаҳид ҳам осеб расондааст.

Оқои Турк дар матлабе, ки дар шабакаи Х (Твиттери пешин) нашр кард, навишт, "куштори касоне, ки дар мактабҳо паноҳ гирифтаанд, ҳамзамон бо фирори садҳо нафар аз бемористони "Аш-Шифо" ва идомаи оворагии мардум дар ҷануби Ғазза, ҳама ва ҳама бар хилофи меъёрҳои муқарраршуда дар қонунҳои байналмилалӣ барои ҳифозат аз ҷони ғайринизомиён аст".

Дар ҳамин ҳол, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид хостори оташбаси фаврӣ дар Ғазза шуд. Антонио Гутерриш шоми якшанбе дар шабаки иҷтимоии Х навишт, шумори ғайринизомиёне, ки ҳар рӯз дар ҷанги Ховари Миёна кушта мешаванд, аз ҷумла, занон ва кӯдакон афзоиш меёбад ва ин ғайри қобили қабул аст ва бояд ҳарчӣ зудтар поён ёбад.

Дабири кулли СММ дар поёни ин паём бар "оташбаси инсондӯстонаи фаврӣ" таъкид кардааст.

Бар асоси омори Вазорати тандурустии Ғазза, ки дар ихтиёри гурӯҳи "Ҳамос" аст, шумораи талафоти ҳамлаҳои низомии Исроил дар ин минтақа ба 13 ҳазор нафар расидааст. Ин вазорат мегӯяд, ҳудуди 5500 нафари ин қурбониён кӯдак ва 3500 тани дигар занон ҳастанд.

Исроил то кунун бо дархостҳои ҷаҳонӣ барои оташбас мувофиқат накардааст.

Бо идомаи таҳаввулот дар Ховари Миёна, вазири корҳои хориҷии Чин гуфтааст, кишвараш "ба таври комил аз роҳи ҳалли ду давлатӣ ва ташкили кишвари мустақили Фаластин дар Ғазза ва сарзаминҳои Каронаи бохтарӣ, ҳимоят мекунад.

Вазири корҳои хориҷии Чин ин матлабро дар мулоқот бо ҳайате аз вазирони корҳои хориҷии кишварҳои арабӣ ва исломӣ дар Пекин гуфт ва афзуд, ки ҷомеаи байналмилалӣ "бояд ҳамакнун вориди амал шуда, бо рӯи даст гирифтани чораҳои таъсирбахш, ба ин фоҷеаи инсонӣ поён диҳад".

Дар ин дидор вазири корҳои хориҷии Арабистони Сауд ҳам хитоб ба ҳамтои чиниаш гуфтаааст, ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд бо масъулиятпазирӣ пеши роҳи Исроилро бигирад.

Вазири корҳои хориҷии Чин дар оғози дидораш бо мақомҳои кишварҳои арабӣ ва Созмони ҳамкории исломӣ бар азми кишвараш барои "ҳамкорӣ дар ростои ором кардани ҳар чӣ зудтари Ғазза ва бозгардонидани сулҳ ба Ховари Миёни дар зудтарин вақт", таъкид кард.

Ҷанг дар Ғазза рӯзи 7-уми октябр бо ҳамлаи гурӯҳи "Ҳамос" ба Исроил оғоз ёфт. Дар ҳамлаи "Ҳамос" 1200 нафар кушта ва ҳудуди 240 ба гарав гирифта шуданд. Дар пайи он Исроил ба Ғазза ҳамла бурд ва оташи ин ҷанг бо гузашти 45 рӯз ҳанӯз хомӯш нашудааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG