Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беморхонаи "Шифо"-ро ҳазорҳо нафар тарк мекунад


Парчами Исроил дар овораҳои Ғазза ва баъди бомбаборонҳо
Парчами Исроил дар овораҳои Ғазза ва баъди бомбаборонҳо

Мақомоти беҳдошти Навори Ғазза мегӯянд, рӯзи 18 ноябр бисёр беморон, кормандони тиб ва ҳам беҷошудагон беморхонаи “Шифо”-ро, ки ҳафтаи ҷорӣ аз ҷониби нирӯҳои исроилӣ ишғол шуд, тарк карданд. Мақомоти фаластинӣ ва ҳам низомиёни исроилӣ дар заминаи сабабҳои беморхонаро тарк кардани мардуми зиёд шарҳи яксон надоданд.

Мақомоти беҳдоштӣ субҳи 18 ноябр амр гирифтанд, ки бояд аз беморхона ба ҷои амн бикӯчанд, дар ҳоле, ки низомиён гуфтанд, барои онҳое, ки ин ҷоро тарк карданӣ аст, долони амни берунравӣ фароҳам кардаанд. Дар беморхонаи “Шифо” ин ҳама рӯзҳо чандин ҳазор нафар, аз ҷумла бемороне, ки дар ҳолати сангин ҳастанд, дармонданд.

XS
SM
MD
LG