Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон субҳи 21-уми ноябр бо сафари расмӣ ба Русия рафт.
Ба иттилои Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, дар ин сафар оқои Раҳмонро муовини сарвазир, вазирони корҳои хориҷӣ, дифоъ, дохилӣ, рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, энержӣ ва захираҳои об, нақлиёт, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, маориф ва илм, кишоварзӣ, фарҳанг, молия, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, сардорони хадамотҳои гумрук ва иҷро ва дигар афроди расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Дар хабарномаи Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон дар роҷеъ ба барномаи сафари Эмомалӣ Раҳмон ҷузъиёти бештар дода нашудааст.
Аммо қаблан хабаргузории русии ТАСС бо такя ба мақомоти рус навишта буд, ки гуфтугузорҳо дар Маскав дар чаҳорчӯби “маҳдуд ва васеъ” доир мешаванд. Интизор меравад, ки Эмомалӣ Раҳмон дар ин сафар бо ҳамтои русаш Владимир Путин мулоқот кунад.
Қарор аст баъди Маскав, Эмомалӣ Раҳмон барои ширкат дар ҷаласаи сарони кишварҳои узви Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ ба шаҳри Минск парвоз кунад, ки он ҷо низ иштироки Путин дар назар гирифта шудааст.
Бори охир Раҳмон ва Путин дар чаҳорчӯби ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил моҳи октябр дар шаҳри Бишкек дидор карда буданд.
Тоҷикистон ва Русия шарикони стратегӣ дониста мешаванд. Русия дар хоки Тоҷикистон азимтарин пойгоҳи низомии хориҷиашро ҷой додааст; соле то як миллион шаҳрванди Тоҷикистон ба Русия барои кор мераванд.
Вале маҳз муҳоҷирони тоҷикистонӣ, ба қавли ҳомиёни ҳуқуқ, аз беҳимоятарин қишри коргарони хориҷӣ дар ин кишвар дониста мешаванд, ки вобаста ба тағйирёбии муносибатҳои байни раҳбарон ё ҳукуматҳои ду кишвар мавриди фишору азият қарор мегиранд. Мунтақидон Русияро барои ваъдахилофиҳояш дар иҷрои тарҳҳои иқтисодию саноатӣ дар Тоҷикистон интиқод мекунанд.