Ёди Бозор Собир, шоири маҳбуби тоҷикро гиромӣ доштанд
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Агар умр вафо мекард, имрӯз Бозор Собир, шоири маъруфи тоҷик 85 сола мешуд. Адиби шинохта дар аввали даҳаи 1990 боздошт ва сипас озод шуда, ба Амрико муҳоҷират кард. Вай якуми майи соли 2018 дар яке аз бемористонҳои шаҳри Сиэтли Амрико даргузашт. Ёди ӯро имрӯз дар Душанбе гиромӣ доштанд.