Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов муҳофизати раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии ин кишвар Қамчибек Тошиевро пурзӯр кардааст.
"Амнияти раиси КДАМ бо назардошти вазифаҳое, ки ӯ иҷро мекунад, қаблан тақвият дода шуда буд ва ҳоло боз пурзӯртар шудааст", - изҳор дошт сухангӯи президенти Қирғизистон Аскат Алагозов ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ.
Як қатор расонаҳои Қирғизистон хабар доданд, ки ин иқдом ба ҳодисаҳои ахири марбут ба мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил рабт дорад.
Соҳибнуфузи олами ҷиноӣ дар Қирғизистон Қамчӣ Колбоев 4 октябри имсол дар натиҷаи як амалиёти КДАМ дар шаҳри Бишкек кушта шуд.
Баъди кушта шудани Колбоев даҳҳо нафар бо гумони иштирок дар гуруҳи муташаккили ҷиноии ӯ дастгир гаштанд. Дар миёни онҳо соҳибкорони бузург низ ҳастанд.