Вакилон ҳадаф аз ин иқдомро таъмини амнияти мардум хондаанд. Барои саркашӣ аз ин қонун ҷарима ва ҷазо пешбинӣ шудааст. Тарҳи мазкур дар ҷомеаи Қирғизистон баҳси шадиде эҷод кардааст.
Мавзӯи сару либоси занон ва риши дарозу ғафси мардон дубора дар Осиёи марказӣ, ки аксари сокинонаш мусалмонанд, баҳсбарангез шуд. Ин бор пешниҳоди манъи ришу ҳиҷоб дар Қирғизистон баҳсу нигарониҳоро ба бор овардааст.
Порлумони ин кишвари дорои 7 миллион аҳолӣ, тарҳи қонунеро барои баррасӣ пешниҳод кард, ки тибқи он занон ҳақ надоранд, чеҳраи худро пурра пӯшонанд. Дар сурати қабул шудани ин қонун барои мардон ҳам гузоштани риши дароз манъ мешавад.
Дар лоиҳаи қонуни нав, ки рӯзи 14-уми ноябр ба баррасии умум гузошта шуд, гуфта мешавад, ки ин тадбирҳо барои дидани чеҳраи одамон ва шиносоии ҳуввияти онҳо заруранд.
Барои онҳое, ки ин қонунро нақз мекунанд, ҷарима ба андозаи 22 доллар ё 30 соат иҷрои кори ҷамъиятӣ пешбинӣ шудааст. Дар сурати такрор шудани қонуншиканӣ, ҷарима бештар хоҳад шуд.
Қонуни мазкур танҳо ба шаҳрвандони Қирғизистон рабт дошта, барои онҳое, ки аз рӯйи зарурати тиббӣ маҷбуранд, рӯяшонро пӯшонанд, ин иҷоза дода мешавад.
Либоси исломӣ ва риши дароз, ки аксаран ҳамчун нишонаи эътиқоди сахти мазҳабӣ арзёбӣ мешавад, солҳо боз як мавзӯъи доғ дар Осиёи Марказӣ аст.
Муаллифи тарҳи нави қонун дар Қирғизистон, Шарапаткан Маҷитова, гуфтааст, қонун танҳо пӯшидани ниқобро, ки ба ҷуз чашм тамоми рӯйи занҳоро мебандад, манъ мекунад.
Вакилони порлумон, таъкид кардаанд, ки лоиҳаи нав ба либоси исломие, ки чеҳраи одамро намепӯшонад, мухолифат надорад.
Ҳамсоякишварҳои Қирғизистон, Тоҷикистону Узбекистон пӯшидани ҳиҷоб дар мактабу коргоҳҳоро манъ кардаанд. Дар Қазоқистон духтаронро бо ҳиҷоб ба дарс роҳ намедиҳанд.
“Чаро бояд худро дар либоси сиёҳ печонанд?”
Маъракаи зиди ниқобро вакили қирғиз, моҳи апрел баъди як сафараш ба минтақаи Ош шурӯъ кард. Ӯ аз он нигаронӣ кард, ки дар ин вилоят аксари занон сару рӯйи худро дар либоси сиёҳ пинҳон кардаанд.
“Фақат чашмонашон кушода аст. Либоси сиёҳ доштанд. Бигзор рӯйсарӣ кунанд, вале чаро бояд худро дар либоси сиёҳ печонанд?”- гуфт, Маҷитова баъди сафараш дар порлумон.
Ӯ аз муфтиёт даъват кард, ки миёни занон “корҳои фаҳмондадиҳӣ” дар масъалаи ниқобро шурӯъ кунанд. Моҳи сентябр депутати қирғиз аз порлумон ва ҳукумат тақозо кард, ки ҳанӯз дер нашудааст ва барои “таъмини амният” чораандешӣ кунанд.
“Ҳар чаҳорум зан дар Ош ниқоб мепӯшад. Шумори онҳо торафт зиёд мешавад. Ман талаб дорам, ки ҳукумат имрӯз дар сатҳи давлат чораи зарурӣ андешад, вагарна фардо дер мешавад.”
Маҷитова бовар дорад, ки қонуни манъи ниқоб ё фаранҷӣ, озодиҳои динниро маҳдуд намекунад.
Даҳҳо кишвар дар ҷаҳон, аз ҷумла Австрия, Дания, Фаронса, Булғория, Нидерланд ва Белгия пӯшидани ниқобро манъ кардаанд. Солҳои ахир таъсири ислом дар Осиёи Марказӣ, бахсусус миёни насле, ки баъди фурӯпошии Шӯравӣ ба воя расидаанд, рӯ ба афзоиш овардааст.
Ҳукумати кишварҳои минтақа аз хатари ифротгароӣ ва тероризм нигаронанд.
“Биёед аввал роҳҳоро таъмир кунем”
Пешниҳоди манъи ниқоб дар маҳфилҳои сиёсатмадорон ва шабакаҳои иҷтимоии Қирғизистон баҳсу вокунишҳоро ба бор овардааст
Муфтии Қирғизистон, Замир Ракиев гуфт, ки тибқи қавонини ислом пӯшидани ниқоб ҳатмӣ нест. Ба гуфтаи ӯ дин аз занон танҳо доштани ҳиҷобро талаб мекунад.
Ҷамол Фронтбек-қизи, раҳбари созмони занони мусалмон – “Мутакаллим” бар ин аст, ки мутақоид кардани занон ба кашидани ниқоб аз рӯй осон нест. Ӯ пешниҳод дорад, ки ҳукумат бо роҳандозии маъракаи фаҳмондадиҳӣ бояд занонро ба ин иқдом омода ва розӣ кунанд.
“Набояд ниқобро бо ифротгароӣ пайванд кард. Мо давлати худкома нестем, ки маҳдудиятҳо ҷорӣ кунем.”- гуфт вай, дар сӯҳбат бо бахши қирғизии Радиои Озодӣ.
Қанат Мидин- уулу муовини Кумиссиуни давлатӣ оид ба дин ба хабарингорон гуфт, дар кишвар хатари мустақим аз ифротгароии динӣ вуҷуд надорад.
“Албатта ҳастанд масъалаҳое, ки ҳалталабанд, вале дар маҷмӯъ вазъ мӯътадил аст.”
Вокуниши корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ба тарҳи қонун мухталиф аст. Бархе аз он ҷонибдорӣ карда, тасмими вакилонро “дурусту саривақтӣ” хондаанд. Гурӯҳи дигар, зидди қабули чунин қонун буда, гуфтаанд “Бигзор ҳар кас либоси дилхоҳашро пӯшад” Бархе ҳам бар ин боваранд, ки ин монеагузорӣ кор нахоҳад дод. Чанде аз корбарони шабакаҳо даъват кардаанд, ки “пас ба бар кардани доманҳои кӯтоҳ ҳам барои занон бояд манъ шавад.”
Яке аз корбарон ҳам дар баҳси манъ кардан ё накардани ниқоб пешниҳод кардааст, ки “Биёед аввал роҳҳои харобамонро таъмир кунем”
Ниқоб як навъи матоъи сиёҳест, ки сару гардан ва дарозии қадди занҳоро пинҳон медорад. Ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз соли 2018 ба манъи пӯшиши исломӣ дар сатҳи давлатӣ шурӯъ кард. Дар кишвар на фақат пӯшидани ниқоб, балки сатру ҳиҷоб барои занон бахусус дар муассисаҳои давлатӣ ва таълимӣ манъ шуд. Мақомот мегӯянд, ин бахши либоси занона ба фарҳанги миллии мардуми тоҷик бегона аст.
Мухолифони ин муқаррарот мегӯянд, ки шаҳрвандон бояд дар интихоби сарулибос ва намуди зоҳирӣ озод бошад.