Тақрибан 30 навзоди норасидро аз бемористони Ғазза ба Миср мебаранд

ISRAEL-PALESTINIANS/GAZA-BABIES

Мақомоти беҳдоштии Фаластин хабар доданд, ки рӯзи 19 -уми ноябр дасти кам 30 навзоди норасиро аз беморхонаи Ғазза берун оварда ба Миср фиристодаанд.

Гурӯҳи кории Созмони ҷаҳонии тандурӯстӣ, рӯзи 18 уми ноябр аз беморхонаи бузургтарини Ғазза дидан карданд.

Ба гуфтаи ин созмон, 291 беморе, ки дар ҳолати вазнин қарор доранд, ҳанӯз дар бемористон мондаанд. Дар ин миён 32 тифл бо осебҳои ҷиддӣ ва вазнин буда, афроди дигар имкони ҳаракат надоштаанд.

Медҳат Аббос, намояндаи Вазорати тандурустӣ, хабари кӯчонидани навзодонро тасдиқ кард.

Бино ба гуфтаи гурӯҳи кории Созмони ҷаҳонии Тандурустӣ 2500 табибу мариз ва беҷомондагон аз аз беморхонаи Шифои Ғазза кӯчонида шуданд.

Нерӯҳои Исроилӣ иддао доранд, ки гурӯҳи ҲАМОС дар дохили бемористони Шифо як маркази густурдаи фармондеҳӣ дорад. Масъулини бемористон ин иддаоро рад кардаанд.

Дар беморхонаи Шифо ин ҳама рӯзҳо чандин ҳазор нафар, аз ҷумла бемороне, ки дар ҳолати сангин ҳастанд, дармонданд. Мақомоти беҳдоштӣ субҳи 18 ноябр амр гирифтанд, ки бояд аз беморхона ба ҷои амн бикӯчанд.

Сарнавишти навзодон дар беморхонаи Ғазза баъди нашри чанд акс таваҷҷӯҳи ҷаҳониёнро ба худ ҷалб кард. Дар аксҳо дида мешавад, ки пизишкон талош доранд бо ҳар роҳ кӯдаконро аз сардӣ наҷот диҳанд. Ба далели набуди барқ дар беморхона, дастгоҳҳои зарурӣ кор намекунанд ва хӯроку доруворӣ ҳам тамом шудааст.