Зироат Мирзиёева, ҳамсари президенти Узбекистон зимни ширкат дар ҷаласае бахшида ба вазъи Фаластин ба хатми ҷанг дар Навори Ғазза даъват кард. Ҷаласае бо номи «Якдилӣ барои Фаластин» таҳти раёсати ҳамсари президенти Туркия Амина Эрдуғон дар Истамбули Туркия баргузор шуд ва дар он, ба иттилои УзА, аз ҷумла, ҳамсари президенти Узбекистон ҳам суханронӣ намуд.
Ҳадафи ин нишаст даъват ба хатми ҷанг дар Навори Ғазза ва намоиши ҳамраъйӣ дар ҷустуҷӯи роҳҳали сулҳомези вазъ дар Ховари Миёна гуфта мешавад.
Зироат Мирзиёева гуфтааст: «Боиси таассуф аст, ки бо вуҷуди нигарониҳои амиқ ва фишорҳои ҷомеаи байналмилалӣ, фоҷеа ва хисорот бештар мешавад ва поёни ин фоҷеа маълум нест кай фаро мерасад. Дар натиҷа, эҳтимолияти ба муқовимати мусаллаҳона кашида шудани нирӯҳои нав дар минтақа меафзояд», гуфтааст ҳамсари раиси ҷумҳурии Узбекистон.
Зироат Мирзиёева аз ҷонибҳои даргир хатми билофосилаи амалиёти низомиро тақозо намуда хостори эҷоди шароити муносиб барои интиқоли кӯмакҳои башардӯстона ба мардуми Ғазза шудааст.
Дар ин ҷаласа инчунин ҳамсари раҳбари Туркия Амина Эрдуғон, маликаи Малайзия Тунку Азиза, модари амири Қатар Моза бинти Носир ал Миснад, ҳамсари нахуствазири Лубнон Мей Микати ва ҳамсари нахуствазири Покистон Саъдия Раҳматулло иштирок кардаанд.