Сафорати Амрико ҷавонони тоҷикро барои таҳсил дар хориҷа даъват кард. ВИДЕО

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Ҷавонони тоҷик бо имкони таҳсил дар хориҷа ошно мешаванд

Сафорати Амрико дар Душанбе дар маросиме ҷавонони тоҷикро барои таҳсил дар хориҷа даъват кардааст.

“Ҳафтаи таҳсилоти байналмилалӣ дар Душанбе” рӯзи 13-уми ноябр оғоз шуд ва то 16-уми ноябр дар Китобхонаи миллиии Тоҷикистон давом мекунад.

Мақсуда Ҳакимзода, хонандаи мактабе аз шаҳри Ҳисор, ки дар намоишгоҳи ҳафтаи таҳсилоти байналмилалӣ дар Душанбе ширкат дошт, гуфт, инҷо ба хотири интихоби донишгоҳи хуб дар хориҷи кишвар омадааст.

“Бисёр шод ҳастам, ки имрӯз ин намоишгоҳро аз наздик мебинам. Мо аз ин намоишгоҳ чизҳои бисёр, масалан китобҳои бисёр ба даст овардем. Дар бораи оне, ки дар дигар давлатҳо таҳсил намоем, ба мо бисёр пешниҳодҳо доданд. Мехоҳам, ки дар хориҷа таҳсил намоям, имрӯз дар ин ҷо ба мо пешниҳод низ доданд, ки агар хоҳед, мо дастгирӣ менамоем шуморо барои дар хориҷа таҳсил кардан,”—гуфт ӯ.

Ҳафтаи таҳсилоти байналмилалӣ дар Душанбе бори 17-ум баргузор мешавад. Ин намоишгоҳро сафорати Амрико дар Тоҷикистон пуштибонӣ мекунад. Дар ин ҷо аксаран ҷавонон ва хоҳишмандони таҳсил дар муассисаҳои хориҷ аз кишвар, аз ҷумла Амрико гирди ҳам меоянд.

Дар ин намоишгоҳ афроде, ки таҷрибаи таҳсил дар хориҷ аз кишварро доранд, бо хоҳишмандони таҳсил дар хориҷ табодули таҷриба мекунанд. Намоишгоҳ барои хонандагони аз синфи 8 боло нигаронида шудааст.

Руҳуллоҳ Суруш, ҳамоҳангсози барномаҳои маорифи байналмилалӣ дар шӯроҳои амрикоӣ дар Тоҷикистон гуфт, “ба фикри ман иштирок дар ин намоишгоҳ муфид мебошад. Барои он ки дар ин ҷо зиёда аз 15-20 барномаҳои таҳсил дар хориҷа муаррифӣ мешавад. Хонандагон метавонанд, бубинанд ва ҷаҳони навро кашф кунанд. Яъне барномаҳое ҳастанд, ки метавонанд бепул, яъне ба тариқи ройгон онҳоро ба ИМА равон кунанд, дар онҷо таҳсил намоянд ва барои дар пешрафти Тоҷикистон омада саҳми худро гузоранд.”

Шарти аслии ширкат дар барномаҳои таҳсилоти байналмилалӣ донистани забони англисӣ аст. Аммо дар бархе аз барномаҳои фарҳангӣ донистани забони англисӣ чандон муҳим нест.

Керри Ли, кордори сафорати ИМА дар Тоҷикистон гуфт, “аз тариқи ин барномаҳо мо лидерони ҷавонро натанҳо дар Тоҷикистон, ҳамчунин дар саросари дунё омода мекунем.”

Аз тариқи барномаҳои сафорати ИМА дар Тоҷикистон бештар аз 7 ҳазор нафар сокинони Тоҷикистон дар Амрико омӯзиш дидаанд. Мақомоти Тоҷикистон мегӯяд ҳоло дар Донишгоҳҳои хориҷ аз кишвар бештар аз 40 ҳазор нафар таҳсил мекунанд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Сафи довталабон кам шудааст. Донишгоҳ дигар паноҳгоҳ нест? ВИДЕОҲамсояи Чин ва роҳи дур то баҳр. Тоҷикон аз кадом роҳ пеш раванд? 13 ҳазор кам шудани довталабон қонуни хидмати ҳарбиро зери суол бурд"Ба муҳоҷират рафтанд". Сафи довталабони таҳсил дар донишгоҳҳои Тоҷикистон кам шудааст. ВИДЕО