Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар хабарномае гуфтааст, ки се садама дар рӯзи 8-уми ноябр пурқурбонӣ будааст.
Ба гуфтаи ВКД, бегоҳии рӯзи 8-уми ноябр Алимардон Ризвонов, сокини ноҳияи Мӯъминобод дар ҳудуди шаҳри Истаравшани вилояти Суғд мошини “Хонда-Серви”-и Фирдавс Ҳаётов, сокини шаҳри Душанберо пахш кардааст. Дар пайи ин ҳодиса ронанда бо се мусофираш ҳалок шуда, ду мусофираш сахт маҷрӯҳ шудаанд.
Шоми ҳамон рӯз Зариф Ҷумъаев, сокини Конибодом, ронандаи мошини “Мерседес-Бенс” дар роҳи “Конибодом-Деҳмой” ду занро пахш кардааст, ки ҳарду дар ҷои ҳодиса ҳалок шудаанд.
Дар ҳодисаи дигаре шаби 8-уми ноябр Абдумалик Толибов, сокини шаҳри Хуҷанд бо “Хундай-Аванта” бо суръати баланд ҳаракат карда, ба садама дучор шудааст. Худаш маҷрӯҳ ва мусофири ҳамроҳаш ба ҳалокат расидааст.
Аксари садамаҳои нақлиётиро мақомот дар риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва бо сураъти баланд рондани мошин медонанд.
Коршинсон сабаби аслиро дар фасод медонанд, ки ронандагон бовар доранд, бо пардохти ришва аз ҷавобгарӣ раҳо мешаванд ва эҳтиёт намекунанд.