"Дар Лондон Lexus 570 надидам." Нақли як муҳоҷир аз кораш дар Бритониё. ВИДЕО

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Худоҳофизии муҳоҷири корӣ бо Лондон

Бархӯрди бад бо муҳоҷирон дар Русия ва поин рафтани қурби рубл бисёре аз муҳоҷирони тоҷикро водор кардааст, ки дар дигар кишварҳои ҷои кор пайдо кунанд.

Дар ин миён даҳҳо нафар тавонистаанд, бо роҳҳои мухталиф барои кор ба Лондон сафар кунанд. Лоиҳаи Мигрант- Медиа, як бахши Радиои Озодӣ дар гузорише аз кору зиндагии як муҳоҷири қирғиз дар Бритониё қисса кардааст. Мирбек Маҳмадқосим, бовар дорад, ки муҳоҷирон метавонанд, таҷрибаи дар кишварҳои хориҷ андӯхтаи худро дар ватан хуб истифода кунанд.

Мирбек Маҳмадқосим шаш моҳ боз дар Лондон кору зиндагӣ дорад. Дар охирин рӯзи корӣ хост, дар наворе барои дигарон аз таҷрибаи кори худ дар Бритониё нақл кунад. Ӯ дар наворе, ки фиристодааст, чунин мегӯяд: “Ин субҳи Лондон аст. Ҳанӯз рӯшан нашудааст, вале ҳама ба кор мераванд. Дар Лондон муҳоҷир хеле зиёд аст. Танҳо як шаҳр миллионҳо муҳоҷир дорад.”

Мирбек то ҷойи кораш дар 20 дақиқа мерасад. Ӯ мегӯяд, дар ин ҷо мардум бештар метро истифода мекунанд. “Дар Лондон дар ин 6 моҳ ман ягон мошини "Lexus 570" ё "Land Cruzer 200"-ро надидам. Фақат мошинҳои кориро мебинам. Бубинед, аксари мошинҳо асосан барои интиқоли бор истифода мешаванд. Яъне дар ин кишвар иқтисод дар ҳоли ҳаракат ва ҷушу хуруш аст,”—мегӯяд ӯ.

Мирбек моҳи май ба Лондон омад. Барои ин сафар вай тақрибан 1400 доллар сарф кардааст. Дар 3 моҳ ин маблағро кор кард. Аввал дар як ферма кор мекард, вале ихтисор шуд ва пас аз 4 рӯз дар ҷойи дигар ба кор сар кард. Ин бор кори ӯ аз тамизкорӣ дар як боғ иборат буд. Ӯ чунин нақл кард: “Рӯзи корӣ соати 7:30 дақиқа сар мешавад. Ҳоло ман бояд дарвозаҳои се боғи на чандон калонро боз кунам. Ана, ман ҳама дарвозаҳоро кушодам. Акнун ба коргоҳ ворид мешавам. Либосамро иваз мекунам, баъзе асбобҳоро гирифта, ин ҷоро тоза мекунам.”

Муҳоҷири қирғизистонӣ мегӯяд, кор дар боғ ба фарқ аз ферма осонтар аст. Ба Мирбек барои ҳар соати кориаш пул медиҳанд. Баъзан аз ҳамкорони маҳаллияш маоши бештар мегирад, чун соати кории ӯ зиёдтар аст. Ӯ гуфт, “ин ҷо маошро вобаста ба он медиҳанд, ки ту чанд соат ва чӣ кор мекунӣ. Муҳим нест, ки аз куҷо омадаӣ ва миллату мазҳабу забонат чӣ аст. Аммо, албатта, бояд забонро донӣ.”

Мирбек дар ватани худ, дар бонк кор мекард. Корманди фаъол буд ва ҳатто талош дошт, ба сиёсат рӯ биёрад.

“Акнун метавонам ба корҳои ҷамъиятӣ машғул шавам. Ба сиёсат кор намегирам. Зеро чӣ будани сиёсатро фаҳмидам. Агар тавонам, ки нигоҳи се- чор нафарро ба самтӣ дуруст тағйир диҳам, ин бароям муваффақияти калон аст,”—афзуд Мирбек Маҳмадқосимов.

Мирбек мехоҳад, муҳоҷирон таҷрибаи дар кишварҳои хориҷ ба даст овардаашонро дар ватани худ ба кор баранд: “Фарз кардем, шумо дар як корхонае ба ангурпарварӣ машғул будед. Вақте ба ватан бармегардед, он ҷо ҳам ба ҳамин шева ангурпарварӣ кунед ва ҳосил гиред. Дар фикри офаридани ҷойҳои корӣ дар ватани худамон бошед.”

Мирбек ба Қирғизистон бармегардад. Умед дорад, ки барояш имкон даст медиҳад, дубора ба Лондон баргардад.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Муҳоҷири тоҷик дар Британия: "Аз Русия аз замин то осмон фарқ дорад" ВИДЕОФарқи кор дар Русия ва Бритониё. Муҳоҷирон аз чӣ розӣ ва аз чӣ норозиянд? ВИДЕОМуҳоҷирони тоҷик аз будан дар Бритониё хушҳоланд, аз музди корашон не