Ин дар ҳолест, ки даргирӣ дар наздикӣ ва атрофи бемористонҳои Навори Ғазза шиддат гирифта, теъдоди кушташудагон меафзояд.
Ба гуфтаи мақомоти тандурустии Ғазза, дар панҷ ҳафта ҳамлаи ҳавоӣ ва заминии Исроил ба ин минтақаи бурунбум зиёда аз 11 ҳазор фаластинӣ кушта шуд. Қисме аз онҳо кӯдакон ҳастанд.
Энтони Блинкен, вазири корҳои хориҷии Амрико, рӯзи 10-уми ноябр дар изҳороте гуфт, “фаластиниҳо бисёр зиёд кушта шуданд; шумораи зиёди онҳо дар ҳафтаҳои гузашта осеб диданд."
Даргирии Исроил бо ҷангҷӯёни гуруҳи тундрави “Ҳамос”, ки аз тарафи Амрико ва Иттиҳоди Аврупо созмони террористӣ шинохта шудааст, панҷ ҳафта боз ҷараён дорад.
Ҷанг рӯзи 7-уми октябр пас аз ҳамлаи тундравон ба ҷануби Исроил сар шуд. Дар он ҳамла 1200 исроилӣ кушта шуда, 240 нафар гаравгон афтоданд.
Аз он замон то ҳоло Исроил ба ҳамлааш аз ҳавову замин ба Навори Ғазза идома медиҳад ва ҳадафи онро маҳви гуруҳи тундрави “Ҳамос” гуфтааст.
Даъватҳо барои оташбас ва ҳифзи ҷони ғайринизомиён дар Ғазза борҳо садо доданд. Исроил мегӯяд, то замони нобудии “Ҳамос” ҳеч пешниҳоди оташбасро намепазирад, аммо дар ҷараёни амалиёт ба 4 соат таваққуф ё ист дар рӯз розӣ шудааст.