Вай рӯзи 8-уми ноябр ба синни 18 расид.
Дар ин бора Рамазон Қодиров дар Telegram хабар дод.
Пештар ин мақомро Ҳусейн Абдулкаримов бар уҳда дошт. "Кавказ.Реалии", як бахши Радиои Озодӣ, маълум кард, ки ӯро 8-уми ноябр аз мансаби муовини аввал ба мақоми муовини одӣ поин овардаанд.
Дар умум, тақрибан сад хешованди Қодиров дар мақомҳои гуногуни давлатӣ дар Чеченистон кор мекунанд.
Бахши русии Би-би-сӣ соли 2018 бо нашри таҳқиқоте гуфт, аз 158 мансабдор дар Чеченистон тақрибан 47 нафар бо Қодиров пайвандӣ доранд.
Бар илова баъзе аз онҳо пайваста соҳиби унвонҳои баланди давлатӣ мешаванд.
Одам Қодиров, писари дуюм ва 15-солаи Рамазон Қодиров, бо ордени Қаҳрамони Чеченистон сарфароз шудааст. Бародарзодаи 26-солааш Ҳамзат Қодиров низ ҳамин унвонро дорад.