Рӯзи 10 ноябр президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ҳадафи ширкат дар нишасти изтирории сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои исломӣ ба Подшоҳии Арабистони Саудӣ сафар кард. Дар ин бора дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон хабар дод.
Ба навиштаи расонаҳои хориҷӣ, дар ҷаласаи изтирорие, ки фардо, шанбе, дар Риёз таҳти раёсати Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди Арабистони Саудӣ ҷараён мегирад, вазъи Ховари Миёна дар маркази баррасиҳо қарор хоҳад гирифт.
Тоҷикистон аз замони шурӯи ҷангҳо миёни Ҳамос ва Исроил моҳи октябри соли ҷорӣ ҳарду ҷонибро ба роҳи сулҳомези баҳсҳо даъват кардааст. Нишасти ахири изтирории кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ 11 рӯз баъди ҳамлаи Ҳамос ба Исроил ва амалиёти ҷавобии он рӯзи 18 октябри имсол дар Ҷидда дар сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ баргузор шуда буд.
Сафари Раҳмон ба Риёз дар ҳолест, ки ҳафтаи ахир нақшаи кории ӯ ва ҳамтоёнаш дар минтақа аз сафару мулоқоти зиёд иборат будааст: рӯзи 8-уми ноябр дар Душанбе президенти Тоҷикистон бо раиси ҷумҳурии Эрон Иброҳим Раисӣ дидору гуфтугӯ дошт, дирӯз дар Тошканд дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ ширкат карду бо президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев гуфтугӯе анҷом дод. Субҳи имрӯз дар маросимҳои бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок кард.
Маълум нест оё дар Риёз мулоқоти ҷудогонаи ӯ бо кадоме аз раҳбарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои исломӣ дар назар ҳаст ё на, дар ин бора ҷузъиёте дода намешавад. Мулоқоти ахири рӯбарӯи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо валиаҳди Арабистони Саудӣ шоҳзода Муҳаммад бин Салмон рӯзи 19 июли имсол дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ дар ҳошияи нахустин нишасти Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои арабии Халиҷи Форс баргузор шуда буд. Дар ин мулоқот, аз ҷумла, ба зарурати "тақвияти муколамаи стратегӣ миёни давлатҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои аъзои Шӯрои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷи Форс" таъкид гардид.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Арабистони Саудӣ барои бунёди "Роғун" $100 млн қарз медиҳадҲамкорӣ дар қолаби “С5+1” ба Тоҷикистон чӣ медиҳад? ВИДЕОРаисӣ ва валиаҳди Саудӣ дар бораи Исроилу Фаластин гап задаанд