Исфандиёри Одина, рӯзноманигори озод
Душанбеи гузашта, 6-уми ноябр, рӯзи Қонуни асосии Тоҷикистон буд. Бисёре аз корбарони тоҷики фазои маҷозӣ ба муносибати ин рӯз дар бораи Қонуни асосӣ ва аҳаммияти он дар шабакаҳои иҷтимоӣ матлаб нашр карданд. Аз ҷумла, бархе онро “бахтнома” ва иддаи дигар “саодатнома”-и миллат номиданд. Бештари ин навиштаҳо ба шиорҳои тӯхолии даврони Шӯравӣ мемонд, ки аксар аз матолиби такрорӣ ва маддоҳии раисҷумҳур иборат буд.
Ин қонун, ки солҳои тӯлонӣ “Сарқонун” ва акнун “Конститутсия” номида мешавад, дар як ҳамапурсӣ дар моҳи ноябри соли 1994 – се сол пас аз эъломи истиқлоли Тоҷикистон ва замоне ки ҷанги дохилӣ байни гурӯҳҳои исломгаро ва коммунист идома дошт, тасвиб шуд.
Қонуни асосии Тоҷикистон, ки аз даҳ фасл ва сад модда иборат аст, то кунун се бор ғолибан ба манзури тамдиди давраи ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии феълӣ, ислоҳ шуда. Акнун беш аз се даҳа аст, ки оқои Раҳмон зимоми умурро дар ин кишвари фақру фасодзадаи кӯҳистонӣ дар минтақаи Варорӯд, ки русҳо ба он Осиёи Миёна ном ниҳодаанд, дар даст дорад.
Забони “байнулмилалӣ”?
Пеш аз ҳама, мебоист барои эҳтиром ба забони миллӣ номи ин санад дар забони мо “Қонуни асосӣ” номида шавад. Мешуд зимни тарҷума дар матни русии он вожаи “Конституция” ва дар матни англисияш “Constitution”-ро ба кор бурд. Истидлоли касоне, ки дар матни форсии пешнависи қонун номе русиро ба кор бурдаанд, ин буд, ки “Конститутсия” як вожаи “умумиэътирофшудаи байнулмилалӣ” аст.
Дар шарҳи ислоҳоти анҷомшуда дар ин қонун, ки моҳи феврали 2016 дар торнамои хабаргузории расмии “Ховар” мунташир шуд, омадааст: “Конститутсия калимаи лотинӣ буда, муайян кардан, муқаррар намудани асосҳои низоми сиёсӣ ва иқтисодии ҷомеа, принсипҳои ташкил ва фаъолияти ҳокимияти давлатӣ, низоми мақомоти он, ҳуқуқу озодиҳо ва вазифаҳои асосии инсонро ифода менамояд. Вожаи “Конститутсия” дар ҷаҳон маъмулу мақбул буда, ба ҳама фаҳмо ва истифодаи он роиҷ гаштааст.”
Вале ин иддао ботил аст. Ин вожа ба шакле, ки тоҷикон ба кор мебаранд, яъне “Конститутсия”, агарчи решаи лотинӣ дорад, лотинӣ нест, як вожаи русӣ аст. Гунаи лотинии он “Cōnstitūtiō” аст, на “Конститутсия”. Ин ки мегӯянд “Конститутсия” як вожаи байналмилалист, ин ҳам дуруст нест, зеро мафҳуме ба номи “забони байнулмилалӣ” вуҷуд надорад ва ҳар вожае бояд дар қолаби яке аз забонҳои дунё бигунҷад.
Аз “дастур” то “онаёсо”
Ба ин тартиб, ончи тоҷикон “конститутсия” (ё конституция) мегӯянд, дарвоқеъ як вожаи русӣ буда, муодили англисию фаронсавии он “Constitution”, испаниёияш “constitución” ва итолиёияш “costituzione” аст. Бибинед, навишти ин вожаҳо дар забонҳои мухталиф бо вуҷуди хатти муштарак мутафовит аст. Талаффузашон ҳам мутаносибан «кунститюшэн» ва «кунститусиюн» ва “куститутсиюне” аст. Дуруст аст, ки инҳо вомвожаҳое баргирифта аз забони лотин дар ин забонҳо шумурда мешаванд, вале дигар ҳамон вожаи лотинии асил нестанд, балки ба забонҳои гиранда таъаллуқ доранд.
Ин мафҳум дар забонҳои олмонӣ ва ҳолландӣ бо вожаҳое комилан мутафовит, яъне “verfassung” ва “grondwet”, баён мешавад. Дар забони юнонӣ ҳам ба он “синтагма”, дар забони мақдунӣ “устав”, дар ҳиндӣ “санвидҳон” ва дар туркӣ “онаёсо” мегӯянд. Дар забони арабӣ вомвожаи порсии “дастур” ба кор меравад. Пас, маълум аст, ки гунаҳои мухталифи “cōnstitūtiō” дар ҳамаи забонҳои ҷаҳон роиҷ нест! Агар ин вожаро аз забони лотинӣ мустақиман вориди форсӣ кунем ва бо қавоъиди савтии забони худамон ҳамхон созем, “куниститутию” мешавад. Вале баъид аст авом инро бипазиранд.
Пас, беҳтар аст аз истилоҳи худӣ кор бигирем, ки ҳамон “Қонуни асосӣ” аст. Ин таркиб дар миёни миллионҳо ҳамзабони бурунмарзии мо ва дар миёни бахши аъзаме аз мардуми Тоҷикистон ҳам роиҷ аст, чунончи бисёре аз риҷоли сиёсӣ дар таърифи “конститутсия” ҳам маъмулан аз таъбири роиҷу мутадовили “қонуни асосӣ” кор мегиранд.
“Бундод”
Албатта, инҷониб бо такя ба мутолеотам дар заминаи таърихи забони форсӣ, чанд сол пеш ба як намояндаи порлумон тавсия карда будам, ки аз вожаи “Бундод” кор бигиранд. Ин вожа аз ду ҷузъи “бун” ба маънои аслу асос ва пояи ҳар чиз ва “дод” ба маънои қонун бармеояд ва гунаи дигаре аз вожаҳои мутадовилтари “бунёд” ва “бунлод” аст. Намунаи шабеҳи он дар торихи фарҳангу адаби мо номи китоби “Бундаҳишн” аст, ки ба маънои “бун-офариниш”, яъне нахустофариниш аст. Бундод ҳам метавонад нахустқонуни кишвар бошад, ки орвораи ҳуқуқию созмонии онро ташкил медиҳад.
Вомвожаҳои баргирифта аз буни лотинии “cōnstitūtiō” дар забонҳои фарангӣ низ ду маънои умдаи ин вожаи форсиро дар бар доранд: аввал, маҷмӯае аз усули бунёдӣ ё савобиқи эҷодшуда, ки бар асоси он давлат ва ё созмони дигаре идора мешавад; ва дигар, аркон ё аҷзои ташкилдиҳандаи ҷомеъа ё давлат (constitute - таъсис додан, барпо кардан ва ё бунёд ниҳодан). Пас “constitution” танҳо қонун ба маънои як марҷаъи ҳуқуқӣ нест, балки санади аввалияи таъсис ва ё поягузории як давлат ҳам ҳаст.
Яъне мардум дар ваҳлае аз таърих даври ҳам ҷамъ шуда, даст рӯи дасти ҳамдигар гузоштаанд, бо ҳам ҳампаймон шуда ва низомеро ташкил додаанд, ки онро мо имрӯз “давлат” меномем. Ин низом тибқи ҳамон паймоне, ки мардум дар сароғоз бо ҳам баста ва ба ҳифзу тавсеъаи он таъаҳҳуд карданд, фаъолият мекунад. Дуруст мисли се чаҳор тан аз афрод, ки даври ҳам ҷамъ мешаванд ва ширкатеро таъсис медиҳанд. Санади таъсиси ширкат, ки имрӯз ойинномаи ширкат хонда мешавад, дарвоқеъ паймонномаи байни ҳамон муассисон аст, ки ҳама бар он бояд вафодор ё пойбанд бошанд. Раиси ширкат ҳам, ки барои давраи хоссе интихоб шуда, наметавонад аз он паймон тахаттӣ кунад.
Ҳокимияти мардум?
Се вожаи аввали Қонуни асосии Тоҷикистон – “Мо, мардуми Тоҷикистон” – ҳам, ки матни қонун бо онҳо шуруъ мешавад, собит месозанд, ки ин ҳамон паймони умумӣ миёни мардум аст ва давлат чизе ҷуз як ниҳоди мутааллиқ ба мардум нест. Бар хилофи даврони қадим, ки он замон давлатҳо ба мардум тааллуқ надоштанд, балки ба шоҳон ё ҳокимоне тааллуқ доштанд, ки ба зӯри шамшер онро ташкил додаанд. Яъне он замон давлатҳо моли подшоҳ ва мардум раияти он подшоҳ маҳсуб мешуданд. Имрӯз давлатҳо моли мардуманд, чун замони мардумсолорӣ (демократия) аст. Аз ин ҷост, ки мегӯем бартарин марҷаъ дар силсиламаротиби ҳокимият МАРДУМ аст.
Ба ин тартиб, раиси ҷумҳур, вазирон ё ҳайати ҳукумат, аъзои маҷлис ё порлумон, додрасҳо ва ниҳодҳои дигари давлатӣ ҳамагӣ афроде ҳастанд, ки мардум барои анҷоми умури давлаташон ИСТИХДОМ кардаанд. Яъне инҳо боистӣ дар хидмати мардум бошанд, на ин ки мардум дар хидмати онҳо, чунончи имрӯз дар системи фасодзадаи ҳукумати Тоҷикистон мушоҳида мешавад.
Албатта, Тоҷикистон ба унвони як сохтори давлатии вобаста ба низоми истеъмории Русияи Шӯравӣ пештар вуҷуд дошт, вале дар соли 1991 бо судури Эъломияи Истиқлол аз баданаи Шӯравӣ ҷудо шуд ва худро мустақил эълом кард. Яъне ин тавр набуда, ки мардумаш даври ҳам ҷамъ шуда ва низомеро ташкил дода бошанд, балки аз як низоми мавҷуд ба таври машруъ саҳми худро ҷудо карданд.
Нахустин коре, ки баъд аз истиқлол мебоист анҷом шавад, таҳия ва тасвиби қонуни асосӣ бар пояи расму роҳ ва суннатҳои давлатдории миллӣ буд, вале ба далели қудратталошии гурӯҳҳои гуногун ва тавтеаи бегонагон ин кор ба дарозо кашид. Фақат се сол пас аз эъломи истиқлол ва ҳунрезии зиёд, гурӯҳе, ки қудратро ба қабзаи худ дароварда буд, баночор ҳамапурсие барои тасвиби қонуни асосӣ барпо кард, агарчи ин фароянд чандон шаффоф набуд.
Додгоҳ ё суд?
Аз ҷумла дар ин фароянд бисёре аз хостаҳои мардум дар заминаи забону фарҳанг ва русуми миллӣ нодида гирифта шуд. Аз ҷумла, номи дурусти забони “форсӣ”, ки дар матни Қонуни асосии Иттиҳоди Шӯравӣ зикр шуда буд, бо исрори шахсиятҳои истеъморзада ва мухолифи истиқлол аз матни пешнивиси Қонуни асосии Тоҷикистон ҳазф шуд. Баъд аз он, шиору овезаҳо ва навиштаҳои сардари дӯконҳову муассисот ба хатти порсӣ, ки бавижа дар шаҳрҳо фаровон буд, аз сӯи масъулони давлатӣ барчида шуд. Ин аввалин гомҳое буд, ки давлати кунунии Тоҷикистон ба раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон дар масири истибдод ва гузаштан аз ҳуқуқ ва манофеъи мардум бармедошт.
Кори дигаре, ки ин ҳукумат кард, аз матни қонунҳо андохтани истилоҳоти коргузории миллӣ, монанди додгоҳу додситонӣ ва фарҳангистон ва роиҷ сохтани дубораи вожаҳои русие монанди “суд”, “прокуратура” ва “академия” ба ҷои инҳо буд. Ба ҳамин шева, номи “фурӯдгоҳ” ҳам дубора табдил ба “аэропорт” шуд. Ин ҳукумат, ки бо пуштибонии Русияву Узбакистон ва бо нерӯи “Фронти Халқӣ”, як гурӯҳи шибҳинизомии тарафдори низоми Шӯравӣ, рӯи кор омад, ба назар мерасид, ки аз ҳамон оғоз мехоҳад садоқати худро ба ҷои мардумаш ба Тошканду Маскав собит кунад.
Дар зимн, бунвожаи «дод», ки ба маънои қонун аст, решаи бисёре аз истилоҳоти қазоӣ ва ҳуқуқӣ дар забони порсӣ аст, вале қонунгузорони Тоҷикистон, ки ағлаб чандон алоқае ба забони худ надоранд, аз ин вожаҳо безорӣ меҷӯянд. Ҳарчанд корбурди номҳое, чун додгоҳ ва додситон, дар забони мардум ва расонаҳо ривоҷи густарда дорад, вале дар аснод ва матолиби расмӣ мақомот саъй мекунанд аз вожаҳои русӣ кор бигиранд. Ва бархе вожаҳои русиро вожаҳои “байналмилалӣ” унвон мекунанд, ки кизб аст.
Додхоҳ ё омбудсмен?
Дар як байти Ғолиби Деҳлавӣ, шоири пуровозаи сабки ҳиндӣ дар садаи 19, вожаи “додгоҳ” дақиқан ба ҳамон маъное ба кор рафта, ки имрӯз ҳам дар миёни порсизабонон роиҷ аст, вале дар Тоҷикистон расман ба кор намеравад:
Кас доварӣ набурда зи ҷаврат ба додгоҳ,
Он бегунаҳ, ки шоҳ забонаш бурида, кӯ?
Ҳамонгуна, ки аз ин байт бармеояд, дар инҷо манзур аз “доварӣ бурдан аз ҷаври касе ба додгоҳ” ба маънои шикоят бурдан аз ситами касе ба додгоҳ аст. Рашиддудини Майбудӣ, аз орифони садаи 12, низ аз вожаи “додситон” ба маънои имрӯза роиҷи он дар миёни порсизабонон кор гирифтааст. Яъне касе, ки доди мардумро аз ситамкорон бозмеситонад: “Эй писар, чун қудрат ёбӣ бар зулми бандагон, қудрати Худой бар уқубати худ ёд кун ва аз интиқоми вай бияндеш, ки ӯ ҷалла ҷалолуҳу мунтақим аст, ДОДСИТОН аз гарданкашон ва кинхоҳ аз ситамкорон...”
Дар ниҳоят, китоби дуҷилдии “Фарҳанги забони тоҷикӣ” чопи соли 1969 дар Маскав дар шарҳи вожаи “додхоҳ” яке аз маонии онро чунин баён мекунад: “2. Яке аз мансабдорони олии аморати Бухоро дар асрҳои охир, ки вазифаи ӯ ба амир расонидани арзи додхоҳон ва ба онҳо расонидани ҷавоби ариза буд.” (саҳ. 384).
Аз ин матлаб чунин бармеояд, ки “додхоҳ” дар инҷо ба маънои имрӯза “омбудсмен” аст – ниҳоде, ки давлати Тоҷикистон бо тавсияи созмонҳои байнулмилалӣ ва бо ҳамон номи фарангӣ ва номаънус барои мардуми мо таъсис додааст, дар ҳоле ки ин мафҳум дар таърих ва фарҳанги мо бо номи зебои порсӣ вуҷуд доштааст!
Боргоҳи адолат?
Аз ин даст мавридҳои ғафлатзадагӣ ё ғафлатварзии амдиро дар фаъолияти ниҳодҳои давлатӣ ва порлумони Тоҷикистон метавон фаровон мушоҳида кард. Масалан, чанд сол пеш аъзои порлумон санадеро бо номи “Қонун дар бораи медиатсия” тасвиб карданд, ки миллатро куллӣ сардаргум сохт! Дар ҳоле ки ин мафҳум чизе ҷуз ҳамон миёнҷигарӣ ё васотат нест, ки аз қадимулайём дар фарҳанги тоҷикон вуҷуд дорад!
Корбурди истилоҳи бегона дар мавриди як мафҳум худи он мафҳумро низ дар чашми мардум бегона ва манфур ҷилва медиҳад. Аз инҷост, ки мардуми мо ҳаргиз бо “суд”-у “пурокурор” хӯ нагирифтанд ва ин ниҳодҳоро барои худ бегона медонанд ва Худо мегӯянд, ки гузорашон ба онҷоҳо науфтад.
Мушкилоти Қонуни асосии Тоҷикистон фақат иборат аз корбурди вожаҳои бегона барои мафоҳими умда ва усулӣ нест. Матни ин қонун ҳам аз хатоҳои луғавӣ ва дастурӣ саршор аст ва шеваи баёнаш чандон ҷаззобияте надорад.
Ин дар ҳолест, ки ин матн як матни таърихист ва имкон дорад дар оянда ба унвони навъе мероси фарҳангӣ дар кишвар сабт шавад. Пас мебоист матни он бисёр салису равон ва бо фасоҳату балоғати тамом нивишта шавад, то алоқамандон, бавижа ҳуқуқдонҳо, битавонанад онро мисли кутуби динӣ ва ё ашъори бузургон аз бар кунанд.