Дар пайи ҷангу нооромиҳо дар Ховари Миёна мақомоти Узбекистон тасмим гирифтаанд, ки тадбирҳои амниятиро дар сафорати Исроил, канисаҳо ва дигар муассисаҳои яҳудиҳо дар Узбекистон пурзур кунанд.
Канисаҳои яҳудиҳо дар Узбекистон аз сӯи кормандони Горди миллии Узбекистон ба таври шабонарӯзӣ муҳофизат мешавад.
Посгоҳҳои пулис атрофи қабристони яҳудиҳо дар шаҳри Қуқанд ташкил шудааст.
Ба иттилои расмӣ, айни замон дар Узбекистон 10 каниса амал мекунад. Се каниса дар шаҳри Тошканд, ду каниса дар Самарқанд ва ду касинаи дигар дар Бухоро фаъол аст. Канисаҳои дигар дар Қуқанд, Фарғона, Марғелон ва Андиҷон ҷойгир ҳастанд.
Намояндагони ҷамъиятҳои яҳудиҳо мегӯянд, ҳаргиз дар Узбекистон таҳдиду хатареро эҳсос накардаад.
Бино ба шумориши аҳолӣ дар соли 1989, дар Узбекистон 28 369 яҳудитабор зиндагӣ мекард.
Дар солҳои 1990 аксари онҳо ба ИМА, Исроил ва кишварҳои Аврупо ҳиҷрат карданд.