Ҳамсарони даҳҳо марде, ки ба ҷанги Русия зидди Украина басеҷ шудаанд, дар шаҳри Маскав бо талаби баргардонидани шавҳарони худ ҳамоиши эътирозӣ ташкил карданд.
Нашрияи "Важные новости" иттилоъ дода, ки тақрибан наздикони 30 басеҷшуда дар майдони “Театралная”-и шаҳр гирди ҳам омада, хостори ҷойивазкунии низомиён шуданд.
Ҳамоиши эътирозӣ дар канори тазоҳуроти коммунистон, ки 106-солагии Инқилоби Октябрро таҷлил мекарданд, баргузор шуд. Эътирозгарон гуфтанд, барои баргузории тазоҳуроти худ аз шаҳрдории Маскав дархости иҷозат карда буданд, вале мақомот бо баҳонаи “Ковид-19” посухи рад додаанд. Бинобар ин, ба тазоҳуроти коммунистон пайвастанд.
Ҳамсарони басеҷшудаҳо ба ҷанги Украина дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайваста бо пахши наворҳои видеоӣ иқдомҳое роҳандозӣ карда, баргардонидани шавҳарони худро аз ҷанг ё беҳсозии шароити онҳоро талаб мекунанд.
Наздикони басеҷшудаҳо аз шаҳри Вологдаи Русия охири моҳи октябр видеоеро нашр карданд, ки нишон медиҳад, низомиён дар деҳаи Ивановкаи Донетск бе лавозимоти ҷангӣ сафарбар шудаанд.