Беш аз 100 узбекистониро аз "ғуломӣ" дар Русия наҷот доданд

Муҳоҷирони узбек дар Русия. Акс аз бойгонӣ.

Корфармоён дар Русия шиносномаи беш аз 100 узбекистониро гирифта, онҳоро маҷбур кардаанд, ки бидуни маош кор кунанд.

Дар Консулгарии генералии Узбекистон дар шаҳри Екатеринбурги Русия гуфтанд, ки дар якҷоягӣ бо кормандони Оҷонси муҳоҷирати хориҷии Узбекистон муҳоҷиронро аз ҳавзаи федеролии Урал ба ватан баргардонданд.

Мақомот ба қазияи муҳоҷирон баъд аз шикояти онҳо дахл кардаанд. Муҳоҷирон гуфтаанд, масъулони ширкати "Рефтинская птицефабрика" дар вилояти Свердлови Русия шиносномаҳои онҳоро мусодира карда, иҷборан ва бидуни маош кор мефармоянд.

Тавре маълум шуд, муҳоҷирон ғайрирасмӣ ба кор ҷалб шудаанд.