Онҳо мегӯянд, ба тан либоси тунук доранд ва шабро дар кӯча рӯз мекунанду дар ҳамон ҷо хӯрок мехӯранд.
Як зани 35-сола аз Тоҷикистон дар суҳбат бо хабарнигори бахши қазоқии Радиои Озодӣ гуфт, аз соли 2012 ба ин сӯ дар Алмато ба рӯбучини кӯчаву хона, шустани дегу табақ ва фарш машғул буд ва аз ин ҳисоб зиндагӣ мекард.
Моҳи августи имсол муҳлати сабти номаш ба охир расид, аммо ба далели вазъи бади саломатӣ натавонист ҳуҷҷатҳоро дубора пешниҳод кунад. Ҳоло ба гумони иқомати ғайриқонунӣ ба додгоҳ кашида шудааст.
“Дар Тоҷикистон кор нест. Музди меҳнат кам аст. Агар бо пули Қазоқистон ҳисоб кунем, моҳе 40-50 ҳазор танга. Ин барои зиндагӣ намерасад. Дар ин ҷо моҳе то 300 ҳазор танга даромад гирифтан мумкин аст. Ман аз пуле, ки дар Қазоқистон кор кардам, дар Тоҷикистон хона харидам,” – нақл кард ин зан.
Як зани дигар аз Қарақалпоқистон, ҳамроҳи шавҳараш дар Алмато дар саҳро кор мекард. Шавҳараш ҳуҷҷат дошт, аммо ӯ тамоми ин муддат бе сабтином кор мекардааст. Ин зану шавҳар чаҳор рӯз боз мунтазири қарори додгоҳ ҳастанд. Онҳо дар мошин хобида, барои сарфа кардани пул танҳо обу нон мехӯранд.
Ба иттиллои Додгоҳи Сариоғоч, аз 10-уми то ин дам додгоҳ парвандаи беш аз панҷ ҳазор шаҳрванди хориҷиро баррасӣ кардааст. Тақрибан 1000 парвандаи дигар дар навбат аст. Ба сабаби зиёд шудани шумораи парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, Додгоҳи Сариоғоч соати кори худро дароз кард ва аз Додгоҳи вилоятии Туркистон кормандони иловагиро ҷалб намуд.
Берик Қайипов, раиси Додгоҳи махсуси парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурии Сариоғоч, ба бахши қазоқии Радиои Озодӣ гуфт, додгоҳ шаҳрвандони хориҷиро 86 ҳазор танга ҷарима ё аз ин кишвар ихроҷ мекунад.
Қазоқистон баъд аз Русия кишвари дувуми муҳоҷирпазир аз Тоҷикистон аст. Бо афзоиши таъсири таҳримҳои байнулмилалӣ болои Русия ва коҳиши иқтисоди ин кишвар, баъзе аз муҳоҷирони тоҷик ба Қазоқистон рӯ оварданд. Онҳо асосан дар бозору сохтмон кор мекунанд.
Муҳоҷирон қаблан аз он хушҳол буданд, ки дар муқоиса ба Русия, дар Қазоқистон таъқиби пулис ва бегонаситезӣ камтар аст. Ҳоло мегӯянд, вазъият ба Русия монанд мешавад.
Видеоро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад