Номаи Norwegian Helsinki Committee, IPHR, Amnesty International, Freedom Now, The Observatory, HFHR ва FrontLine Defenders рӯзи 6-уми ноябр нашр шуд.
Муаллифон ҳукми Манучеҳр Холиқназаровро "ноодилона" ва шароити нигаҳдории ӯро дар маҳбас "ғайриинсонӣ" хондаанд.
"Вай аз дарди сахти пушт ранҷ мекашад ва ба бегуноҳ будани худ пойбанд аст," – нигоштаанд муаллифон.
Дар муроҷиати алоҳида аз мардум дар дохилу хориҷи Тоҷикистон хоста шудааст, ки барои пуштибонӣ аз Манучеҳр Холиқназаров ба зиндон ва барои ибрози норизоятӣ ба ҳукми ӯ ба Вазорати корҳои хориҷӣ, сомонаи раиси ҷумҳурӣ ва Додситонии кул нома фиристанд.
Манучеҳр Холиқназаров, раиси Ассотсиатсияи ҳуқуқшиносони Помир, моҳи майи соли 2022 ба дунболи эътирози сокинон дар Бадахшон боздошт ва ба гуноҳи "ҳамкорӣ бо созмонҳои ҷиноӣ ва мамнуъ" ба шонздаҳ сол зиндон маҳкум шуд.
Холиқназаров узви "Комиссияи 44" буд. Аъзои Комиссия якҷо бо муфаттишони Додситонии кул марги Гулбиддин Зиёбеков, сокини ноҳияи Роштқалъа ва беназмиҳоро дар маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таҳқиқ мекарданд.
Додситонии кулли Тоҷикистон эълон кард, ки дар амалиёти якмоҳа дар баҳори соли 2022 дар Хоруғу Рӯшон 29 узви гуруҳи, ба қавли мақомот, ҷиноиро аз байн бурданд. Радиои Озодӣ номи 34 кушташударо гирд овард. Пайвандонашон гуфтанд, ки онҳо узви гуруҳи ҷиноӣ набуданд.
Даҳҳо нафари дигар дар Тоҷикистону Русия дастгир ва дар муҳокимаҳои паси дарҳои баста ба муҳлатҳои дароз зиндонӣ шуданд.
Созмонҳои мустақили ҳомии ҳуқуқ ва кишварҳои ғарбӣ солҳои охир ҳукумати Тоҷикистонро барои зери по кардани ҳуқуқи инсон пайваста танқид мекунанд.