Дар фурудгоҳҳои Маскав қоидаи гирифтани акс ва изи ангушти муҳоҷирон ҷорӣ мешавад

Акс аз бойгонӣ

Русия мехоҳад назорати вуруди муҳоҷиронро сахттар кунад. Бо ин мақсад қарор аст ба зудӣ дар фурудгоҳҳои Маскав гирифтани изи ангушт ва аксбардории муҳоҷирон роҳандозӣ шавад.

Валентина Казакова, сардори Сарраёсати Вазорати корҳои дохилии Русия оид ба масъалаҳои муҳоҷират охири ҳафтаи гузашта гуфт, чунин навоварӣ аз вуруди онҳое, ки ному насабашонро иваз карда ба Русия меоянд, ҷилавгирӣ мекунад.

Тартиби гирифтани изи ангушт ва аксбардории ҳатмӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ аз моҳи декабри соли 2021 ҷорӣ шудааст. Аз 6,5 миллион хориҷие, ки феълан дар ин кишвар ҳастанд, 4 миллион нафарашон изи ангушт супоридаву аксбардорӣ шудаанд.

Ба гуфтаи Казакова, бо шарофати ин талабот беш аз 2 ҳазор ҷиноят ошкор гардидааст. Аз ҷумла муҳоҷирони ихроҷшуда, ки талош мекунанд, бо ҳуҷҷатҳои нав вориди Русия шаванд, аз рӯйи нақши ангушт ифшо ва муҷозот шудаанд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

"Муҳоҷирони бе пушту паноҳ". Чаро Тоҷикистон тавони муҳофизати шаҳрвандони худро надорад?Тарҳи чанд маҳдудияти дигар барои муҳоҷирон дар РусияБоздошту таъқиби муҳоҷирон дар устонҳои Приморе ва Маскави РусияНақли зани муҳоҷире, ки 8 моҳ боз интизори ихроҷ аз Русия аст. ВИДЕОМеҳроб Ҳаитовро дар Русия 12 сол зиндонӣ карданд