Рӯзи шанбеи 4-уми ноябр артиши Украина ба ноҳияи Керч дар Қрими аз ҷониби Русия ишғолшуда ҳамла кард.
Шоҳидон хабар доданд, ки дар корхонаи киштисозӣ оташ ва дудро дидаанд.
Дар наворҳои моҳвораии “Planet Labs” сӯхтор дар ин корхона дида мешавад.
Хабар дода мешавад, ки киштиҳои муосири сохтаи Русия хароб шудаанд.
Вазорати мудофиаи Русия хабар дод, ки бар асари афтодани як пораи харобшудаи мушак дар корхонаи “Залив” як киштӣ хароб шудааст. Дар ин хабар тасдиқ кардаанд, ки ба ин корхонаи киштисозӣ ҳамла шудааст, вале ҳаҷми зарарро нагуфтаанд.
Русия моҳи феврали соли 2022 ба Украина ҳамла кард. Дар ин ҷанг ҳазорон нафар кушта ва миллионҳо нафар бехона шуданд. Чанд моҳи ахир дар посух Украина ҳамла ба хоки Русия ё қаламаравҳои ишғолкардаашро бештар кардааст.