Нигаронии "Гурӯҳи 24" аз сарнавишти фаъоли боздоштшудааш дар Олмон
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Намояндагони “Гурӯҳи 24”, як созмони фаъолияташ мамнуъ дар Тоҷикистон, аз сарнавишти узви боздоштшудаи гурӯҳ, Билол Қурбоналиев, ташвиш доранд. Ӯ рӯзи 24-уми октябри имсол дар Олмон дастгир шудааст. Аъзои гурӯҳ мегӯянд, боздошти ӯ ба санади будубошаш пайванд дорад, вале аз эҳтимоли истирдоди Қурбоналиев ба Тоҷикистон хавф доранд. Вай дар тазоҳуроти мухолифон дар Берлин ҳангоми сафари президент Эмомалӣ Раҳмон ба Олмон иштирок доштааст.