Дар ин бора сафири Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон Валид ибни Абдураҳмон Ар-Решайдон ҳангоми нишасти матбуотӣ дар Душанбе хабар додааст. Ба навиштаи расонаҳои давлатии Тоҷикистон, ин маблағ аз сӯи Фонди саудии рушд ба нерӯгоҳи "Роғун" дода мешавад.
"Ба ин тартиб, Фонди саудии рушд дар сархати аваллин фондҳои ҷаҳонӣ дар мавриди тақдими чунин маблағҳо барои “Роғун” қарор гирифт,” -- гуфтааст сафорати Арабистон.
Аммо дар бораи шарту шароити ин қарздиҳӣ чизе гуфта нашудааст. Мақомоти Тоҷикистон ҳам дар ин бора чизе нагуфтаанд.
Дар сурати такмил, "Роғун" бо иқтидори 3600 мегават бузургтарин нерӯгоҳи барқи обӣ дар Осиёи Марказӣ хоҳад буд ва тавлидоти нерӯи барқро дар Тоҷикистон ду баробар зиёд хоҳад кард. Сохтмони ин неругоҳ аз давраи Шӯравӣ оғоз ёфта, баъдан қатъ шуд. То кунун ду чархаи ин неругоҳ ба кор даромадааст.