Сокини Тошканд барои ҷанг ба зидди Украина зиндонӣ шуд

Додгоҳе дар вилояти Тошканди Узбекистон сокини 38-солаи маҳаллиро барои хидмат дар артиши Ҷумҳурии худхондаи Донетск 5 сол аз озодӣ маҳрум кардааст.

Сокини ноҳияи Юқоричирчиқи Тошканд Илдар Хайрулин бар асоси банди "Зархаридӣ" гунаҳкор дониста шуд. Бино ба маводи парванда, Хайрулин солҳои 2014-2015 дар ҳудуди Украина дар "ҷанг ба зидди нерӯҳои мусаллаҳи он кишвар" иштирок кардааст.

Муфаттишон дар додгоҳ ҳамчун далел аксҳоро аз саҳифаи "Миротворец" дар Интернет пешниҳод кардаанд. Дар аксҳо дида мешавад, марде монанд ба сокини вилояти Тошканд дар даст силоҳ ва дар тан либоси низомӣ дорад.

Наздикони маҳкумшуда гуфтаанд, дар аксҳои "Миротворец" воқеан ҳам Хайрулин аст ва ӯ бо силоҳ ва либоси низомӣ тасвир ёфтааст.

Сомонаи украинии "Миротворец" бо ифшои шахсияти зархаридоне маъруф аст, ки ба ҷонибдорӣ аз артиши Русия меҷанганд. Аммо маълумоти ин сомона расмӣ ҳисобида намешавад.