Ӯ бародари Шавкати Муҳаммад, сардабири барномаҳои "Паём ТВ", як расонаи наздик ба махолифони ҳукумати Тоҷикистон аст.
Ба нақли пайвандон ва вакили мудофеаш, Аслиддин Шарипов якуми октябри имсол аз Русия ба Тоҷикистон истирдод шуд, аммо бо гузашти як моҳ дар куҷо ва дар чӣ вазъ буданаш маълум нест. Мақомот шарҳ намедиҳанд.
"Мақомоти Тоҷикистон бояд макони нигаҳдории Аслиддин Шариповро фош кунанд," -- гуфт Берит Линдеман, дабири кулли Кумитаи Норвежии Ҳелсинкӣ рӯзи 30-юми октябр. Вай дар баёнияе аз намояндагони ҳукумат хостааст, то бигӯянд, ки "чаро аз замони истирдоди Аслиддин Шарипов аз Русия ба Тоҷикистон наздиконаш дар бораи ӯ чизе намедонанд".
Ба бовари Кумитаи Норвежии Ҳелсинкӣ, нопадид шудани Шарипов баёнгари он аст, ки мақомоти Тоҷикистон аъзои хонаводаи мунтақидон ва мухолифони ҳукуматро нишон гирифтаанд.
Аслиддин Шарипов аз соли 2016 дар Русия мезист ва моҳи сентябри 2022 бо дархости мақомоти Тоҷикистон дастгир шуда, тӯли як сол дар боздоштгоҳ буд.
Мақомоти Тоҷикистон дар гузашта ва ҳоло сабаби боздошти Аслиддин Шариповро эълон накардаанд. Ба хулосаи Додситонии Тагилстроев дар Нижний Тагили Русия ӯ ба ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнуъ ё таблиғи онҳо тавассути интернет (қисми дуи банди 307(3)-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон) гумонзад аст. Ба ӯ аз панҷ то ҳашт сол зиндон таҳдид мекунад.
Додситонии Тагилстроев дар хулосааш бо такя ба иддаои ҷониби Тоҷикистон гуфтааст, Аслиддин Шарипов дар Фейсбук гуё ба ҳимоят аз ҲНИТ ва "Гурӯҳи 24" матлаб нашр мекард ва аз соли 2021 дар ҷустуҷӯ буд. Фаъолияти ҳизби наҳзати исломӣ дар ҳудуди Русия низ мамнуъст.
Мақомоти Тоҷикистон дар соли 2022 наздик ба сад нафар, аз ҷумла 18 гумонбар ба терроризму ифротгароиро аз кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Русия ба Душанбе оварда, бархеро ба муҳлатҳои дароз зиндонӣ карданд.