ДОИШ масъулияти як ҳамларо дар Кобул ба ӯҳда гирифтааст

Акс аз бойгонӣ

Шохаи "Хуросон"-и ДОИШ масъулияти таркишро дар минтақаи Дашти Барчии Кобул, маркази Афғонистон, ба дӯш гирифтааст.

Ҳодиса рӯзи 26-уми октябр рӯй дод.

Ба гузориши расонаҳо, гуруҳи террористии "Давлати исломӣ” дар саҳифааш дар Телеграм иддао кардааст, ки дар як клуби варзишӣ бомба гузошта буд.

Мақомоти "Толибон" дар Афғонистон мегӯянд, дар ин таркиш дар ғарби Кобул 4 кас кушта ва 9 нафари дигар захмӣ шуд.

Шоҳидони айнӣ бовар доранд, ки талафот ба маротиб бештар аст.

ДОИШ пештар низ масъулияти чунин таркиш ва ҳамлаҳои маргталабонаро дар ғарби Кобул, ки дар он ҷо бештар аҳли ташаюъ зиндагӣ мекунанд, ба уҳда гирифта буд.