Мери Лолор, гузоришгари вижа дар умури ҳуқуқи одамон, гуфт, масъаларо бо намояндаи доимии Тоҷикистон дар Созмони Милал дар миён гузошт. Мулоқот рӯзи 24-уми октябр дар Ню-Йорк гузаштааст.
Хонум Лолор дар шабакаи "Х" навишт, ки "бори дигар даъвати худро барои раҳоии ҳомиёни ҳуқуқ ва хабарнигорони зиндонӣ, аз ҷумла Далери Имомалӣ, Абдулло Ғурбатӣ ва Улфатхоним Мамадшоева такрор кардам."
Ҳамаи ин афрод пас аз моҳи майи соли 2022 ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум шуданд. Аз ҷумла, Далери Имомалиро, ки блогҳои видеоияш бинандаи зиёд дошт, ба гуноҳи соҳибкории ғайриқонунӣ, дурӯғпароканӣ ва узвият дар созмони мамнӯи “Гуруҳи 24” даҳ сол аз озодӣ маҳрум карданд. Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, мақомот аз ӯ барои гузоришҳои танқидиаш ниқор гирифтанд.
Улфатхоним Мамадшоеваро баъд аз нооромиҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар соли 2022 бо гуноҳи ташкили тазоҳурот дар Хоруғу Рӯшон ва гуноҳҳои дигар 21 сол зиндон ба зиндон андохтанд. Тарафдоронаш мегӯянд, ҳамаи иттиҳомот сохтаву бофта аст.
Аз ин пеш, моҳи сентябри имсол, ҳашт коршиноси Созмони Милал дар номае ба ҳукумати Тоҷикистон аз сарнавишти хабарнигорон ва ҳомиёни ҳуқуқи зиндонӣ изҳори нигаронии амиқ карда буданд.
Дар нома гуфта буданд, ки баъзе аз ин афроди зиндонӣ ғайриқонунӣ ва худсарона дастгир шудаанд, ки мухолиф ба тамоми қонунҳои кишвар ва меъёрҳои байнулмилалӣ аст.
Ба қавли коршиносони Созмони Милал ин гуна рафтори мақомоти Тоҷикистон паёми тарсноке ба ҳомиёни ҳуқуқ дар кишвар мефиристад, ки корашонро боздоранд, вагарна танбеҳи сахте мегиранд. Дар натиҷа, ба гуфтаи муаллифони нома, фазо барои фаъолияти ҷомеаи маданӣ дар кишвар бисёр танг мешавад.
Ҳукумати Тоҷикистон дар солҳои охир на танҳо аз тарафи Созмони Милал, балки аз тарафи дигар созмонҳои мустақили ҳомии ҳуқуқ ва кишварҳои ғарбӣ барои зери по кардани ҳуқуқи инсон пайваста танқид мешавад.