Баҳси арӯсрабоӣ дар Қирғизистон авҷ гирифт
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Наздикони қурбониёни арӯсрабоӣ дар Қирғизистон аз як вакили порлумони ин кишвар талаб доранд, ки ё аз онҳо узр пурсад ё истеъфо диҳад. Мавзӯи арӯсрабоӣ дубора ва баъди як ҷаласа дар порлумон сар зад. Депутати қирғиз, Мейкинбек Абдалиев, гуфт, дуздии чорво ҷиноятест бадтар аз рабудани арӯсон.