"Табиб"-и Алии Бедакиро дигарбора дастгир кардаанд

Абдулло Вазиров. Акс аз соли 2012

Абдулло Вазирови 76-соларо, ки ба номи “табиби Алии Бедакӣ” машҳур аст, дар хонааш дар деҳаи Муллобароти ноҳияи Рашт дастгир кардаанд. Аловуддин Давлатов ё Алии Бедакӣ, ки мақомот ӯро раҳбари гурӯҳи мусаллаҳ дар Рашт медонистанд, соли 2011 дар амалиёте кушта шуд. 

Исматулло Абдуллоев, писари Абдулло Вазиров, рӯзи 26-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, “падарамро маъмурони амниятӣ ду ҳафта пеш бо худ бурданд, вале то ҳол сабабашро намегӯянд.”

“Аз манбаъҳои дигар фаҳмидем, ки гуё ба тундгароӣ муттаҳам аст. Чаро? Ягон тафсилот намедиҳанд. Мо барои ӯ дар Боздоштгоҳи муваққатии Душанбе либосу хӯрок мебарем, ҳанӯз вакили мудофеъ нагирифтем,” – афзуд ӯ.

Мақомоти Тоҷикистон то кунун боздошти Абдулло Вазировро расман эълон накардаанд. Кӯшиши мо барои гирифтани шарҳи расмӣ рӯзи 26-уми октябр бенатиҷа монд.

Абдулло Вазиров дар шифохонае дар минтақаи Рашт ҳамчун пизишки ҷарроҳ кор мекард. Дар ҷойи кораш рӯзи 26-уми октябр ба мо гуфтанд, ки чанд вақт боз ӯро надидаанд ва дар куҷо буданашро намедонанд.

Як манбаи огоҳ аз қазия ба шарти фош нашудани номаш ба Радиои Озодӣ хабар дод, ки “Абдулло Вазиров гуё барои тамос бо як намояндаи мухолифони ҳукумат муттаҳам аст.” Ҳамсуҳбати мо ҷузъиёт надод.

Номи Абдулло Вазиров соли 2010 дар пайванд ба қазияи Аловуддин Давлатов, маъруф ба Алии Бедакӣ, дар минтақаи Рашт дар сархати расонаҳо ҷой гирифт.

Мақомот Алии Бедакиро ба созмон додани ҳамла ба корвони нерӯҳои Вазорати дифои Тоҷикистон дар рӯзи 19-уми сентябри соли 2010 гунаҳкор карданд. Дар он ҳамла 26 сарбози Вазорати дифоъ кушта шуд.

Вазиров ба гумони расондани ёрии тиббӣ ба Алии Бедакӣ боздошт ва зиндонӣ шуда, баъд аз ду сол бар асоси қонуни афв озод гардид. Ҳукми зиндоне, ки худаш беасос медонист.