Раисони ҳукуматҳои СҲШ ва ИДМ дар Бишкек мулоқот мекунанд

Ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой (СҲШ), Шӯрои сарони ҳукуматҳои кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Шӯрои байниҳукуматии Авруосиё 26-уми октябр дар шаҳри Бишкек баргузор мешавад.

Муовини аввали президенти Эрон Муҳаммад Муҳбар, сарвазири Русия Михаил Мишустин, сарвазири Узбекистон Абдулло Орифов, сарвазири Беларус Роман Головченко ва сарвазири Қазоқистон Алихон Смаилов барои ширкат дар ин нишастҳо ба Бишкек рафтаанд.

Сарвазири Чин Ли Сян низ 24-уми октябр дар доираи як сафари расмӣ вориди Бишкек шуда буд. Ӯ низ дар мулоқоти раисони ҳукуматҳои СҲШ иштирок мекунад.