Мая Санду: Мубориза бо коррупсия аз пешгирии пулҳои ифлос дар интихобот сар мешавад. ВИДЕО

Мая Санду, президенти Молдова дар меҳмонии Радиои Озодӣ дар Прага

Ҳафтаи ҷорӣ Мая Санду меҳмони қароргоҳи Радиои Озодӣ дар шаҳри Прага буд ва ба саволҳои мо посух дод.  

Молдова, як кишвари шӯравии собиқ, ки ояндаи худро бо Аврупо мепайвандад, дар пешорӯи интихоботҳои муҳими маҳалливу президентӣ ва парлумонӣ қарор дорад. Кишваре бо камтар аз дуюним миллион аҳолӣ ҳамсояи Украинаву Руминия мебошад ва дар зери фишори шадиди Русия қарор дорад.

Ахиран додгоҳе дар Молдова сиёсатмадори рӯ ба Маскав Илан Шорро дар ғайбаш ба 15 соли зиндон маҳкум ва аъзои ҳизби “Шор”-и ӯро аз ҳақи ширкат дар интихобот маҳрум кард. Президенти Молдова Майя Санду, ки дар пурсишҳои афкори умум чун раҳбар ва сиёсатмадори мавриди эътимоди аксарият эътироф шудааст, мубориза бо коррупсияро ҳадафи калидии ҳукуматаш меномад.

Ҳафтаи ҷорӣ Мая Санду меҳмони қароргоҳи Радиои Озодӣ дар шаҳри Прага буд.

Хабарнигори Радиои Озодӣ Рикард Йозвак дар як мусоҳибаи ихтисосӣ бо президенти Молдова аз ӯ пурсид, магар роҳ надодани аъзои ҳизби мухолифони “Шор” ба интихобот роҳи ғайридемократӣ набуд?

Мая Санду: Вақте шумо бо пули ифлоси бисёр, пулҳои ғайриқонуние, ки аз Русия меоянду аз ҷониби гурӯҳҳои ҷиноӣ истифода мешаванд, сарукор доред, ин интихобот нест. Ин демократия нест. Ин коррупсия аст. Мо бояд бо ин чиз мубориза барем. Ҳизби “Шор”-ро додгоҳи конститутсионӣ ҳизби ғайриқонунӣ эълон кард. Шорро бисёр кишварҳо, аз ҷумла дар Иттиҳоди Аврупо таҳрим кардаанд. Маълум аст, ки ин масъалаи амнияти миллӣ аст. Ва ин ҷо мушкил дар дахолати Русия ба интихоботи мо аст. Ин як нигаронии ҷиддӣ дар интихобот аст ва мо тамоми корро хоҳем кард, то ки аз худ дифоъ кунем. Интихобот – демократия аст, вале Русия бо пулҳои ғайриқонуниву ифлосаш мехоҳад ба ин чиз роҳ надиҳад.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Мая Санду: "Мубориза бо коррупсия аз давраи интихобот шурӯъ мешавад"

Радиои Озодӣ: Шумо наметарсед, ки ҳама чиз баръакс мешаваду зидди нирӯҳои демократӣ дар Молдова истифода хоҳад шуд?

Мая Санду: Наметарсам, чунки ман аз рӯзи аввалам дар сиёсат таъкид кардаам, ки маъракаҳои интихоботии ҳизбҳои сиёсӣ бояд бар асоси маблағгузории қонунӣ ва шаффоф анҷом шавад. Мо айнан ҳамин чизро ҳоло ҳам талаб мекунем. Барои мубориза бо коррупсия шумо бояд аввал аз мубориза бо коррупсия дар маъракаи интихоботӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ сар кунед. Чунки агар шумо коррупсияро дар сиёсат решакан накунед, хатари ба сохторҳои давлатӣ сироят кардани он зиёд мешавад. Мо мубориза бо коррупсия ва дахолати Русия ба умури дохилӣ, аз ҷумла ба интихоботи худро идома медиҳем, чун мо ба шаффофият ва эҳтиром ба қонун эътимод дорем. Мо ба интихоби озоди мардум бовар дорем, на ба пули ифлос, ки барои харидани овозҳо ба манфиати номзадҳо сарф мешавад.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Аҳмад Масъуд: "Тавони гирифтани минтақаҳоро дорем, аммо стратегияи мо нест"Сафири ИМА дар Тоҷикистон аз "усулҳои дигари фишор" гуфтКарзай умед дорад, ки "Толибон" ҳукумати фарогир ташкил мекунандНамояндаи USAID дар Тоҷикистон: "Доштани омори дуруст дар бораи мушкилоти бузург ҳамеша хуб аст". ВИДЕОЗабони молдовӣ "руминӣ" шуд, забони мо кай "форсӣ" мешавад?Раҳбарони Руминия ва Молдова аз оғози ҳамкориҳои тоза гуфтанд